5-уми сентябри соли 2023, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилӣ шуъбачаи муолиҷаи физиотерапевтиро мавриди истифода қарор дод.
Утоқҳои корӣ ва муолиҷавии шуъбачаи мазкур бо таҷҳизоти наву замонавии соҳавӣ, аз қабили ултра-мавҷи табобатӣ (ударно-волновая терапия), фонофарез – табобат бо усули зарбаи мавҷӣ, ташхиси ултрасадо, биомассаж - маҳси амиқи бофтаҳо, маҳси биоэнергетикӣ, лойдармонӣ бо озокерит, маҳсӣ дастӣ бо бӯғи туркӣ, барқи бернарӣ ва дигар лавозимоти корӣ таъмин мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки дастгоҳҳои мазкур баҳри табобати бемориҳои қанд, остеохондроз, бехобӣ, невроз, ихтилоли меъдаю рӯда, набудани иштиҳо, қабзият, бавосир, хориш, бемориҳои тарбод, артрит, бемориҳои гарданаки бачадон, дарди пушт ва пойҳо, ҷароҳатҳо, осеби бофтаҳои нарм, осеби устухонҳо, чарх задани сар, фишорбаландӣ, камхунӣ ва дигар намуди зиёди бемориҳо хизмат мерасонанд.Зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро масъулинро вазифадор намуд, ки барои муолиҷаву табобати беморон хизматрасонии босифат ба роҳ монда, имконоти фароҳамоварда барои таъмини солимии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, собиқадорон ва шаҳрвандон самаранок истифода баранд.
Гул Маҳбуба
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>