Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беморхона - дармонгоҳи РВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

16617 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Беморхона - Дармонгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имконияти хизматрасонии он шинос гардиданд.167

Беморхонаи мазкур дорои 36 ҳуҷра буда, дар он барои муоинаву муолиҷаи беморон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, 11 ҳуҷраи он бо 21 кати хоб ва дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ пурра муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки беморхона аз шуъбаи ҷарроҳӣ, бахшҳои терапевтӣ, табобати дандон, асаб, гӯшу гулӯ ва бинӣ иборат буда, муассисаи тиббӣ бо нақлиёти махсуси ёрии таъҷилӣ таъмин мебошад. Ҳамчунин барои беморон ошхона бо 30 ҷойи нишаст бунёд ёфта, дигар иншооти ёрирасон низ бо сатҳу сифати баланд сохтаву таъмир гардидааст.
170Беморхона дар баробари расонидани кумаки тиббӣ ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчунин ба кормандони дигар бахшу сохторҳои қудратӣ хизмат хоҳад расонид.
Сокинони кӯчаҳои атроф низ метавонанд барои машварату муоина ва муолиҷа ба ин муассиса муроҷиат намоянд.171
Утоқҳои корӣ ва муолиҷавии иншооти мазкур бо таҷҳизоти зарурии соҳавӣ, аз қабили дастгоҳҳои рақамии ташхис, ташхиси ултрасадо, сабти барқии дил, кардиомонитор, оксигенератор ва дигар лавозимоти корӣ таъмин мебошанд.
Барои расонидани хизмати босифати тиббӣ ба беморон 27 нафар мутахассисони соҳибмалака ба кор ҷалб шудаанд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2022 оғоз гардида, он дар муҳлати кӯтоҳ аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шуд.
Беморхона аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, намои берунаи он ба таври махсус рангу оро ёфтааст. Тадбирҳои сабзкорӣ низ дар атрофи иншооти мазкур бо завқу салиқаи баланд анҷом дода шуд.
Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намуданд, ки барои муолиҷаву табобати беморон хизматрасонии босифат ба роҳ монда, имконоти фароҳамоварда барои таъмини солимии ҷомеаро самаранок истифода баранд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика