18-уми майи соли 2023, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба корхонаи дӯзандагии Вазорати корҳои дохилӣ ташриф оварда, аз рафти фаъолияти корхона, ки омода сохтани сару либоси низомӣ дар он ба роҳ монда шудааст, шинос гардид.
Дар рафти шиносоӣ Вазири корҳои дохилӣ қайд намуд, ки фаъолияти ин корхона асосан ҷиҳати таъминоти ҷузъу томҳои ВКД ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо сару либоси низомӣ ва бо шуғли доимӣ таъмин намудани сокинон, хусусан бонувони маҳаллӣ иборат мебошад.
Дар корхонаи истеҳсолии либоси низомӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, дорои дастгоҳу таҷҳизоти муосир мебошад.
Мавриди зикр аст, ки корхонаи мазкур соли 2019 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Айни замон дар корхона 102 нафар бонувон ба кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Илова бар ин, кормандон ҳамарӯза бо хӯроки нисфирӯзии ройгон таъмин карда шудаанд.
Вазири корҳои дохилӣ барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани дӯхти сару либоси низомӣ ба масъулин дастуру супоришҳои зарурӣ дод.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>