18-уми майи соли 2023 бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон маросими гузоштани санги асоси бинои маъмурии қисми ҳарбии 3503-и Раёсати қушунҳои дохилии ВКД баргузор гардид.
Бинои маъмурии сохташаванда аз чор ошёна бо таҳхона иборат буда, дар он инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла дар ошёнаи якум Ситоди қисми ҳарбӣ ва дар ошёнаи дуюм, сеюм ва чорум хобгоҳҳои сарбозон, утоқҳои кории афсарон, инчунин утоқҳои фароғатӣ-маишӣ ба нақша гирифта шудааст.
Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ. зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншооти навсохтмон ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ташаббуси мазкур шаҳодати ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳи рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати мамлакат ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва бахусус ба сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки иншооти мазкур бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>