Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зан бубахшад зиндагӣ баҳри давоми умри даҳр

60

7-уми марти соли 2023 дар толори Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Рӯзи Модар ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.61
Дар чорабинии идона Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, кормандзанони Дастгоҳи марказӣ ва ҷузъу томҳои он, бонувони собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин сардорони раёсатҳои ВКД иштирок намуданд.
62Нахуст, Вазири корҳои дохилӣ ҳамаи кормандзанони милитсияро бо Рӯзи модар табрику таҳният гуфта, барояшон cаодату хушбахтӣ, иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда таманно намуд.
Мавсуф қайд кард, ки дар тамоми ҷаҳон 8 мартро ҳамчун Рӯзи байналхалқии занон ҷашн мегирифтанд. Ба шарофати иқдому ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо нишони қадршиносӣ аз ранҷу заҳмати занон, он ҳамчун Рӯзи Модар дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.63
Бо дастгирию ғамхорӣ ва иқдому ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи занон дар ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол сол то сол боло рафта, ҳамчун як узви фаъол ва пешбарандаи рӯзгор барои пешрафти зиндагии оилавӣ, ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ нақши назаррас мегузоранд.
64Ҳамасола бо дастгирию ғамхории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти ВКД дар арафаи иду ҷашнҳо кормандзанони милитсия барои хизмати софдилона, зоҳир намудани малакаи баланди касбӣ ва садоқат ба давлату миллат бо ордену медалҳо ва туҳфаю мукофотҳои пулию молӣ қадршиносӣ карда мешаванд.
Дар 10 соли охир наздик ба 7 ҳазор нафар кормандзанон бо медалу нишонҳои сарисинагӣ, мукофоту туҳфаҳои хотиравӣ ва пулӣ ҳавасманд карда шудаанд.65
Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандзанон аз Дастгоҳи марказӣ ва ҷузъу томҳои он, курсантони Академияи ВКД ва Коллеҷи милитсия дар васфи зан-модар шеърҳо қироат карданд, ки аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ хуш пазируфта шуда, бо туҳфаҳои идона қадрдонӣ гардиданд.
Дар ҷараёни чорабинии идона бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандзанони милитсия барои ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ ва бахшида ба Рӯзи модар бо рутбаҳои навбатӣ, медалу нишонҳои сарисинагӣ ва Ифтихорномаю Сипосномаҳо мукофотонида шуданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика