Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи Комиссия оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо

59

28-уми феврали соли 2023 дар толори Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар»-и РБДА Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи навбатии Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо доир гардид. Дар он раиси комиссия - Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовини раиси комиссия - Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва масъулони дигар сохторҳои қудратӣ, идораву кумитаҳои давлатӣ, ки аъзои ин комиссия мебошанд, иштирок намуданд.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода оғоз намуда, қайд кард, ки Вазорати корҳои дохилӣ тайи соли сипаригардида дар ҳамбастагӣ бо дигар корхонаву идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо ва субъектҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ҷиҳати иҷрои талаботи қонуни мазкур корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.58

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди сиёсати давлатиро оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо дар сатҳи зарурӣ иҷро намуда, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳоро дар ин самт зери назорати доимӣ қарор додааст.
Дар рафти ҷаласа Вазири нақлиёт Азим Иброҳим баромад намуда, иброз дошт, ки Вазорати нақлиёт бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат, баҳри бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгард пайваста корбарӣ намуда, дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату сохторҳои давлатӣ барои боз ҳам хубтару беҳтар намудани вазъи роҳҳои автомобилгард ва таъмини бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳо оид ба вазъи роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ, сатҳи паст гардидани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, гузоштани аломатҳо дар роҳҳои нақлиётгард, масоҳати сохтмон ва таҷдиду таъмири роҳҳо, сохтмони долонҳои мошингузар, инчунин омилҳои садаманокӣ дар роҳҳо ва бартарафсозии мушкилоти ҷойдошта дар ин самт баррасӣ гардида, як қатор таклифу пешниҳодҳои мушаххас ироа гардид.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика