Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

38

20-уми феврали соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовини аввали Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода Фирдавс Ҷумахон ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ чорабинии тантанавӣ доир гардид.39
Чорабиниро Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ. ифтитоҳ намуда, тамоми кормандони соҳаро ба муносибати ҷашни 30-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, зикр кард, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар ин давра ба як нерӯи тавоно ва ниҳоди пурқудрат табдил ёфтааст, дар фазои орому осуда ҷашн мегиранд.
40Сипас, муовини аввали Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода Фирдавс Ҷумахон роҳбарият, афсарону сарбозон ва тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба муносибати 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, иброз дошт, ки Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сипари боэътимоди кишвар буда, дар роҳи баланд бардоштани қудрати дифоии ҷумҳурӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол қадамҳои устувор мегузорад.41
Ҳамин тавр, дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои баланди хизматӣ ва ҷасорату фидокорӣ як зумра кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатӣ - медалҳои «Ҷасорат», «Хизмати шоиста», Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ бо рутбаҳои навбатӣ ва медалу нишонҳои сарисинагӣ сарфароз гардонида шуданд.
42Таъкид гардид, ки аз ҷониби Роҳбари давлат бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардонидани кормандони мақомоти корҳои дохилӣ нишонаи қадршиносӣ аз хизмати содиқона, далериву ҷасорат ва ҳушёриву шуҷоати онҳо дар ҷодаи таъмин намудани сулҳу оромӣ, амнияту осоиш ва қонунияту тартибот дар кишварамон мебошад.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика