Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ

27

15-уми феврали соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи ВКД Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 2022 бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва рӯзноманигорони Васоити ахбори оммаи дохилию хориҷӣ баргузор гардид.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро намояндагони Васоити ахбори оммаро хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки иштироки шумо дар нишасти матбуотии имрӯза далели он аст, ки ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷӯҳи махсус доред. Мо низ барои чунин робита ва ҳамкорӣ ба ҳар кадоми шумо изҳори сипос менамоем.28
Натиҷаи ҳамкорӣ ва талошҳои шумо рӯзноманигорон буд, ки фаъолияти кормандони милитсия дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва дастовардҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар воситаҳои ахбори умум ба таври васеъ инъикос гардиданд.
Имрӯзҳо воситаҳои ахбори умум метавонад ба воқеият, афкори умум ва шуури одамон таъсир расонида, онҳоро ба ҳаёти солим, ободкорӣ, сулҳу тифоқ ва аз роҳи бад баргардонидану равон гаштан ба роҳи нек ҳидоят намояд.
Дар идомаи Нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилӣ доир ба вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар давоми соли 2022 дар ҷумҳурӣ маълумоти муфассал дод.
Зикр гардид, ки дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ 22 481 (2021 - 24 118) ҷиноят аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2021 - 1637 ҳолат кам мебошад. Аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 14612 ҷиноят ошкор карда шудааст (кушодашавии ҷиноятҳо бошад 82,3 фоизро ташкил медиҳад).
Дар давраи ҳисоботӣ ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд ба он – 58 (2021-41), роҳзанӣ – 37 (2021-29), ғоратгарӣ – 130 (2021-128), таҷовуз ба номус – 23 (2021-25), савдои одамон -24 (2021-10), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ – 131 (2021-133), авбошӣ – 1103 (2021-1053), қаллобӣ – 1856(2021-2250), дуздӣ – 4868 (2021-6019), ҷиноятҳои иқтисодӣ -250 (2021-332) ҳолат ба ҳисоб гирифта шудаанд.
Дар натиҷаи пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ 500 адад силоҳи оташфишон ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шудааст.
Ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҷумҳурӣ аз гардиши ғайриқонунӣ 1 тоннаву 412 кг (2021- 2 т 30 кг) воситаҳои нашъадор мусодира карда шудааст.
29Дар ин давра аз тарафи ноболиғон 737 (2021 - 763) ва ҷавонон бошад 3572 (2021 - 4759) ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст.
Дар қаламрави мамлакат 36 (2021-50) ҳолати таълимоти ғайрасмии динӣ ошкор карда шуда, 8 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлатҳои хориҷӣ таълимоти ғайриқонунии динӣ мегирифтанд, ба Ватан баргардонида шуданд.
Дар ин давра нисбати падару модароне, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд ва масъулини муассисаҳои таълимӣ бо дастрасии моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13348 адад (2021-12192) парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тартиб дода, барои андешидани чораҳои қонунӣ ба суди шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуданд.
Оид ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 450 ҳолат, аз ҷумла, зодрӯз, хатнасур, тӯйи домодиву арусӣ, маросимҳои ҳаҷ ва дафну азодорӣ ба қайд гирифта, дар ин хусус парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, 128 парвандаи маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.30
Дар давраи ҳисоботӣ бар асари 1096 (2021-1102) садамаи нақлиётӣ 416 (2021-395) нафар ба ҳалокат расида, 1 ҳазору 197 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтанд.
Дар ҷумҳурӣ 1262 (2021-1196) ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки дар натиҷа 19 (2021-10) нафар шаҳрвандон фавтидаанд. Маблағи зарар 58 миллиону 716 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Маблағи эмин нигоҳ доштани молу мулк аз сӯхтор 806 миллиону 356 ҳазору 98 сомонӣ мебошад.
Дар ҷараёни Нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон доир ба ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористӣ, экстремистидошта, кофтукови ҷинояткорон, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, вазъи садаманокӣ, вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар масоили мубрам ба Вазири корҳои дохилӣ саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun3

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика