Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози 4-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ дар Тоҷикистон

IMG 8826

3 сентябри соли 2022 дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд 4-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ оғоз ёфт. Ин чорабинии варзишӣ бо ташаббуси Федератсияи миллии шиноварии кишвар, дастгирии Вазорати корҳои дохилӣ ва Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади рушду оммавияти ин намуди варзиш, мустаҳкам намудани алоқаи дустӣ ва баланд бардоштани малакаю маҳорати варзишгарони шиновар роҳандозӣ мешавад.

IMG 8865

Дар маросими кушодашавии чорабинии варзишӣ Раиси вилояти Суғд Раҷҷаббой Аҳмадзода аз таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати рушду оммавияти варзиш ёдовар шуда қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол барои рушди варзиш таваҷҷуҳи беандоза зоҳир менамояд, зеро маҳз варзиш дӯстии халқҳоро мустаҳкам намуда, давлату миллатҳоро муаррифӣ менамояд ва ҷавонону наврасон ба ин васила дар руҳияи солимӣ, ҷасурӣ ва ватандӯстию хештаншиносӣ ба камол мерасанд.

Гуфта шуд, ки дар баробари ҳамаи ин имрӯз мо имконият дорем дар қаламрави кишвар мусобиқаҳои бонуфӯзи байналхалқиро ташкилу баргузор намоем, то ин ки варзишгарони дигар давлатҳо ташриф оранд ва аз фарҳангу таърихи мардуми мо ошноӣ пайдо намоянд.

Соли чорум аст, ки бо ташаббуси Федератсияи миллии шиноварии мамлакат, дастгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазири корҳои дохилӣ, раиси Федератсияи миллии шиноварии кишвар генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода, ҳамчунин роҳбарияти МИҲД вилояти Суғд, дар Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ гузаронида мешавад, ки ин барои рушди ин намуд дар мамлакати мо замина мегузорад.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саиднахш Раҳмонзода зимни баромади худ меҳмонон ва ҳайати варзишгарони мусобиқаро аз номи Федератсияи миллии шиноварии кишвар хайрамақдам намуда зикр дошт, ки Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон минбаъд низ бо мақсади рушду ривоҷ ва оммавияти намуди шиноварӣ аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад то сокинон бештар ба ин намуди варзиш ҷалб гарданд ва ҳамеша солиму бардам бошанд. Илова бар ин ҳадафи дигари ташкили мусобиқаҳо барои он аст, ки варзишгарони кишвари мо барои иштирок дар мусобиқаҳои ҷаҳонию байналхалқӣ кишвари азизамонро муаррифӣ намоянд.
Намояндаи дастаи шиноварон аз Федератсияи Россия ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои дастгирии варзишгарон таваҷҷуҳи хосса ба рушди варзиш ва дар сатҳи баланд ташкилу баргузории мусобиқаҳои бонуфузи варзишӣ медали «100 солагии ташкилоти варзишии Динамои Федератсияи Россия» тақдим кард.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин мусобиқаи байналмилалӣ беш аз 70 нафар варзишгарон аз Федератсияи Россия, Белорусия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок доранд. Баргузории мусобиқа имконият фароҳам меорад, ки варзишгарони дигар кишварҳо дар баробари маҳоратсанҷӣ бо таъриху фарҳанги мардуми мо ошноӣ пайдо кунанд.
Иштирокчиёни мусобиқа дар намудҳои тарзи озод, баттерфляй, брасс ва пуштноки шино кардан дар масофаҳои 50, 100, 200 метр ва эстафета малакаю маҳорати худро нишон дода барои дарёфти мақомҳои фахрӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Зеро ба даст овардани ҷойҳои арзанда дар ин мусобиқаи бонуфӯз ба осонӣ ба даст намеояд.

IMG 8832

Меҳмононе, ки ҷиҳати иштирок дар ин мусобиқа ба кишвари мо ташриф оварданд аз пазироии гарму самимии тоҷикона ва дар сатҳи баланд роҳандозӣ шудани мусобиқа бисёр хушҳоланд ва нияту орзӯ доранд варзишгарони моро ба мусобиқаҳои худ даъват намоянд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки шиноварӣ яке аз намудҳои маҳбуби варзиш аст, ки дар баробари ба дастовардҳо ноил шудан, ҳамчунин ба саломатии инсон фоидаи зиёд дорад. Ин намуди варзишро бояд ҳар як нафар аз хурдсолӣ омӯзад, то ин ки ҳам солим бошад ва ҳам дар ҳолатҳои зарурӣ аз ғарқшавӣ эмин монад.
Тавре аз кумитаи тадорукоти чорабинии варзишӣ хабар доданд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ се рӯз идома меёбад. Ҳакамон дар ҳама намудҳо беҳтаринҳоро муайян менамоянд. Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо Ҷом, медал, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва МИҲД вилояти Суғд қадрдонӣ карда мешаванд.
Акбар Шарифӣ, Абдурашид Раҳимӣ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика