Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузоштани санги асос барои сохтмони бинои замонавӣ

Дар ҳудуди бинои маъмурии Факултети №4 Академияи ВКД, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бинои нав бо тарҳи замонавӣ қомат хоҳад афрохт.

IMG 8767

3-уми сентябри соли 2022 дар макони сохташавандаи иншоот маросими гузоштани санги асос бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич, сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ва ҳайати омӯзгорону курсантони муассисаи олии таълимӣ баргузор гашт.

Фармоишгари лоиҳа Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, бинои маъмурии сохташаванда аз таҳхона ва шаш ошёна иборат ва дар он тамоми инфрасохтори зарӯрӣ дар назар дошта шудааст.
Бинои мазкур дар партави корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.

IMG 8788

IMG 8739




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

241122

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика