Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар нимсолаи аввали соли 2022

19 июли соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи ВКД Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар нимсолаи аввали соли 2022 бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва рӯзноманигорони Васоити ахбори оммаи дохилию хориҷӣ баргузор гардид.

4O6A4214

Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро намояндагони Васоити ахбори оммаро хайрамақдам гуфта, ҷиҳати ҳамкории судманд дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва амалҳои хилофи қонун изҳори миннатдорӣ намуд.
Зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2022 фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар матбуоти даврӣ ба таври васеъ инъикос гардид, ки дар ин ҷода ранҷу заҳмати масъулини ВАО назаррас мебошад.
Мақомоти корҳои дохилӣ яке аз пешоҳангони мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ маҳсуб ёфта, ҳамзамон кафили тинҷиву осудагӣ ба шумор рафта, кормандони милитсия дар ин самт шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд.
Дар идомаи Нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилӣ доир ба вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар нимсолаи аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ маълумоти муфассал дод.

4O6A4239

Зикр гардид, ки дар шаш моҳи соли 2022 дар миқёси ҷумҳурӣ 12 ҳазору 482 (2021-13878) ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 396 ҷиноят кам мебошад.
Дар ин давра аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 8 ҳазору 316 (2021-9253) ҷиноят ошкор карда шудааст.
Аз ҷумла, ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд ба он - 22 (2021-20), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ - 64 (2021-62), таҷовуз ба номус - 16 (2021-16), савдои одамон - 8 (2021-6), роҳзанӣ - 21 (2021-18), ғоратгарӣ - 65 (2021-75), дуздӣ - 2858 (2021-3566), қаллобӣ - 1144 (2021-1481), авбошӣ - 544 (2021-510), тамаъҷӯӣ 20 (2021-25), ғайриқонунӣ тайёр кардан, нигоҳ доштан ва интиқоли воситаҳои нашъадор - 223 (2021-257) ҳолат ва дигар ҷиноятҳо ба қайд гирифта шуданд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ин давра аз тарафи ҷузъу томҳои мақомот 1 ҳазору 447 нафар ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта муайян ва дастгир карда шуданд.
Аз тарафи ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҷумҳурӣ аз гардиши ғайриқонунӣ 1 тонна маводи мухаддир мусодира карда шудааст.
Ҳамчунин 2 ҳазору 605 адад ҳабҳои синтетикии мадҳушкунанда аз муомилот боз дошта шуд.
Дар ин давра 431 (2021-390) ҳолати содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо ба қайд гирифта шудааст.
Аз тарафи ҷавонон ва ё бо иштироки онҳо 1 ҳазору 944 (2021-2818) ҳолати ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 874 ҷиноят кам мебошад.
Дар 6 моҳи соли 2022 бар асари 482 (2021-472) ҳодисаи роҳу нақлиёт 180 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 509 (2021-537) нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Дар ҷумҳурӣ дар ин муддат 472 (2021-555) ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83 ҳодисаи сӯхтор кам мебошад.
Дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ба моликияти давлатӣ ва шахсии шаҳрвандон ба маблағи 14 миллиону 394 ҳазор (2021-16 млн 722 ҳазор) сомонӣ зарари моддӣ расидааст.
Дар натиҷаи сӯхтор 9 нафар шаҳрвандон фавтидаанд, ки аз инҳо 3 нафар ноболиғон мебошанд.

4O6A4221

Дар ин давра аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД 15 чорабинии варзишӣ, аз инҳо 2 мусобиқаи кушод (спартакиада) байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, корхонаю идораҳои ҷумҳурӣ, 13 мусобиқаи идоравию сатҳи вилоятӣ, 2 вохӯрӣ бо варзишгарон, инчунин 105 бозиҳои рафиқона аз намуди футбол ташкил ва гузаронида шудааст.
Инчунин, дар ин давра варзишгарон ва дастпарварони аъзои дастаи Шӯрои мазкур дар мусобиқаҳои сатҳи шаҳрию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, 45 медали тилло, 28 медали нуқра ва 36 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар ҷараёни Нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон доир ба ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористӣ, экстремистидошта, кофтукови ҷинояткорон, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, вазъи садаманокӣ, вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар масоили мубрам ба Вазири корҳои дохилӣ саволҳо дода посухҳои мушаххас гирифтанд.
Зикр гардид, ки мақомоти корҳои дохилӣ баҳри мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта, пайваста бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, махсусан рӯзноманигорон дар робитаи қавӣ қарор дорад.

4O6A4252

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

2309

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика