Рӯзи 7-уми июли соли 2022 бахшида ба Иди саиди Қурбон дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмаркаи маҳсулоти хӯрока барои кормандони мақомоти мазкур доир гардид.
Дар ин ярмарка маҳсулоти хӯрока аз қабили гушту биринҷ, равғану тухм, орд, картошкаю пиёз, сабзавот ва дигар маҳсулоти ғизоӣ пешкаши харидорон карда шуд.
Тамоми ин маҳсулоти хӯрока аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилии шаҳру вилоятҳо пешниҳод гардида, нисбат ба бозору марказҳои савдо нархи онҳо 30 то 40 фоиз арзонтар ба фурӯш гузошта шуда буд, ки ин тӯҳфаи хуб бахшида ба Иди саиди Қурбон ба шумор меравад.
Ҳамзамон баъзе аз маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ ройгон ба кормандзанони милитсия тақсим карда шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки пайваста дар арафаи ҳама гуна ҷашну маросимҳои идона чунин ярмаркаҳо аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ташкил гардида, барои кормандони милитсия ва аҳли оилаи кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳод карда мешавад.
Дар навбати худ кормадони мақомоти корҳои дохилӣ ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои ин амали хайрашон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>