Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Густариш ёфтани ҳамкориҳо дар самти ислоҳоти милитсия

4O6A2284

Имрӯз (27.04.с.2022) Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо иҷрокунандаи роҳбари Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе Вук Жугич ва дигар намояндагони Дафтари мазкур дар Душанбе вохӯрии судманд доир намуд.

4O6A2281

Сараввал Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р. Ҳ. иҷрокунандаи роҳбари Дафтари мазкурро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки тайи солҳои охир равобиту ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дафтари барномавии САҲА тақвият ёфта истодааст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷиҳати татбиқи минбаъдаи Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 ва саривақт тадбиқ намудани барномаи мазкур андешаронӣ карда шуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои васеи густариши ҳамкориҳо байни Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи дастгирӣ дар самти ислоҳоти милитсия ва дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи мақомот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам рушду густариш додани ҳамкориҳо изҳор доштанд. Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

Эҳсон Абдуллозода,
Муродалӣ Саидзода




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика