Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди роҳбарияти ВКД аз Хоҷагии ёрирасон

 viber_2022-04-27_17-37-32-430

27-уми апрели соли равон Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба заминҳои Хочагии ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор ташриф овард.

 viber_2022-04-27_17-37-32-822

 

Вазири корҳои дохилӣ, аз ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда картоша, карам ва дигар намуди зироатҳои кишткарда шуда, дидан намуд.
Ҳамзамон ба масъулини Хоҷагии ёрирасон барои нағз нигоҳубин намудани дарахтон, зироатҳои полезӣ ва ҷамъоварии онҳо дастуру супоришҳо дод.
Масъулини Хочагии ёрирасон нақша доранд, ҳосили имсоларо беталаф ҷамъоварӣ намуда, сохторҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилиро сари вақт бо маҳсулоти тару тоза таъмин намоянд.
Бояд зикр намуд, ки ҳамасола дар фасли тобистон афсарону сарозон ба мавсими зимистон омодагӣ гирифта, афшураву мураббо аз меваҷоти гуногун ва ҳар гуна хӯришҳо аз маҳсулоти полезӣ омода месозанд, ки дар тамоми фаслҳои сол дастурхони онҳоро зебу ороиш дода, бо маҳсулоти босифат ва қувватнокиаш зиёд таъмин менамояд.
Аз заминҳои Хоҷагии мазкур бо истифода аз боду ҳавои мусоид имконият аст, ки дар як сол ду маротиба ҳосили хуб гирифта шавад.

 viber_2022-04-27_17-37-32-018

Абдулмуъмин Зайниддинзода,
Муродалӣ Саидзода




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика