Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ дар ВКД бахшида ба Соли Нави мелодӣ

DSC03194

28 декабри соли 2021 бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Соли Нави 2022 дар шафати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмаркаи маҳсулоти хӯрока барои кормандони мақомоти мазкур доир гардид.
Дар ин ярмарка маҳсулоти ғизоӣ аз қабили гушту биринҷ, равғану шакар, тухму орд, картошкаю пиёз, навъҳои гуногуни мева ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум нисбат ба бозору марказҳои савдо 30 фоиз арзонтар пешкаши харидорон карда шуд.
Тамоми ин маҳсулоти хӯрока аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасон пешниҳод гардида, тӯҳфаи хубе бахшида ба Соли Нави 2022 ба шумор меравад.
Мавриди қайд аст, ки дар арафаи ҳама гуна ҷашну маросимҳои идона чунин ярмаркаҳо пайваста аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ташкил карда шуда, шаҳодат аз дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати кормандони милитсия мебошад.

DSC03190
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика