Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти озмуни «Хониши китоби «Тоҷикон» дар ВКД

4O6A6815

Рӯзи 25-уми декабри соли ҷорӣ дар толори ВКД даври ҷамъбастии озмуни «Хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров - китоби «Тоҷикон» баргузор гардид.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким оғоз намуда, аввалан иштирокчиёни озмуни беҳтарин донандагони шоҳасари «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуровро барои иштироки фаъол дар давраи ниҳоӣ табрик гуфта, барояшон комёбиҳои беназир таманно намуд.

Сипас, иброз дошт, ки боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ, алалхусус, мо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мебошад, ки дар шароити ороми сиёсӣ, сарфи назар аз ҳама мураккабиҳои ҷомеаи имрӯза 30-солагии Истиқлолияти хешро бо шукргузорӣ аз давлату давлатдорӣ таҷлил намуда, бо ниятҳои созанда барои фардои дурахшони кишвар қадамҳои устувор мегузорем.
Албатта, Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ, зери сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастоварду комёбиҳои бузургеро соҳиб гардидааст, ки аз баракати онҳо мардуми шарифи Тоҷикистон баҳравар гардидаанд.
Яке аз чунин дастовардҳои замони Истиқлолияти кишвар, дар ҷодаи илм, фарҳанг ва маориф, рӯй овардани ҷавонон ба омӯзиши китоб, баргузор гардидани озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва «Илм - фурӯғи маърифат» мебошанд, ки дар ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ, маърифат ва умуман, ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон нақши бағоят муҳим доранд.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар сатҳи ҷумҳурӣ, Вазорат ва ҷузъу томҳои он ҳамасола чунин озмунҳоро баргузор менамояд. Яке аз онҳо озмуни «Хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров - китоби «Тоҷикон» мебошад.
Шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров муҳимтарин сарчашмаи таърихӣ ва асари сирф илмӣ мебошад, ки аввалин шуда, бо вуҷуди таъсири омилҳои идеологӣ, бархурди назару андешаҳои баъзан муҳаққиқону сиёсатмадорони давр, таърихи пайдоиш ва ташаккулёбии халқи тоҷикро аз давраи аввалин ҷомеаи инсонӣ дар Осиёи Марказӣ мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дода, даврабандӣ намудааст.
Тавре номбурда афзуд, барои пешрафти маънавиёт мо бояд гузаштаи худро донем. Дар ин радиф, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2019 дар Паёмашон ба Парлумони мамлакат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуровро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп намуда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Пешвои миллат ба ҳар оилаи мамлакат туҳфа намоянд. Дар ин асос, ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба аз иқдоми беназири Сарвари давлат дар самти тақдими китоби “Тоҷикон” ба ҳар оилаи мамлакат, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малакаи касбӣ, зиёд намудани шавқи китобхонӣ дар байни кормандону курсантони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҷузъу томҳои ВКД озмуни «Хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров - китоби «Тоҷикон»» доир гардид. Ин ҳама ба он хотир аст, ки мо бояд аз гузаштаи худ бохабар бошем, таърихи ниёгонамонро донем, чунки бе донистани гузашта оянда сохтан мумкин нест.
Инчунин, мавсуф дар идомаи баромади хеш зикр намуд, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат низ мо бори дигар шоҳиди он гаштем, ки барои ба илму дониш фаро гирифтани ҷавонон роҳбарияти олии мамлакат таваҷҷуҳи хосса доранд.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саиднахш Раҳмонзода ғолибони даври ниҳоии озмунро аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бори дигар табрику муборакбод намуда, ба онҳо барори кор ва дар ҷодаи пешрафти фаъолияташон муваффақиятҳои беназир орзу намуд.
Ҳамин тариқ, дар озмуни «Хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров - китоби «Тоҷикон» омӯзгори кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1-и Академияи ВКД ҶТ лейтенанти калони милитсия Далер Ҳалимзода ғолиби ҷойи якум дониста шуда, сазовори маблағи пулии 3000 сомонӣ гардид. Ҷойи дуюм бошад, насиби курсанти курси 4-уми Академияи ВКД сержанти хурди милитсия Сабрина Қодирова гардид ва ӯ ба маблағи пулии 2000 сомонӣ қадрдонӣ шуд.
Мақоми сеюми озмунро нозири қисми навбатдории шуъбачаи минтақавии деҳоти Пахтаободи шаҳри Турсунзода лейтенанти милитсия Аҳмадҷон Латифов ва корманди Қисми ҳарбикунонидашудаи ХДО оид ба муҳофизати ноҳияи Ёвон сержанти хурди хизмати дохилӣ Зоир Раҷабов соҳиб гардида, ҳар кадоме ба маблағи пулии 500 сомонӣ мукофотонида шуданд.
Ҳамзамон, бо ибтикори роҳбарияти ВКД ба тамоми иштирокчиёне, ки ба даври ҷамъбастии озмун роҳ ёфтанд, Ифтихорномаҳо тақдим гардид.

4O6A6662

4O6A6842

Раҷаббек ИЛЁСОВ,
Наврӯз ҶОБИРОВ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun771

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика