Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти судманд бо сардорони Академияҳои Ӯзбекистон ва Беларус

4O6A6389

23 декабри соли 2021 вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо роҳбари Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон полковники милитсия Ҳотамов Рустам Абдуғаниевич ва сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларус генерал-майори милитсия Василев Александр Павлович доир гардид.

Сараввал Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ. меҳмононро хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки тайи солҳои охир равобиту ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳампешагони хориҷӣ тақвият ёфта истодааст.

Дар ҷараёни мулоқот Вазири корҳои дохилӣ қайд намуд, ки ҷумҳуриҳои мо чи дар сатҳи олӣ ва чи дар байни роҳбарони Вазоратҳои корҳои дохилӣ муносибатҳои хуби корӣ ва дустона доранд. Дар ин замина бояд дигар сохторҳо, хусусан Академияҳо заминаи хуби ҳамкориро ба роҳ монда, дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисос, мубодилаи доимии назариявӣ ва амалӣ дошта бошанд.
Дар замони ҷаҳонишавӣ ва ба миён омадани хатарҳои нави глобалӣ моро зарур аст, ки аз пештара дида бо ҳамдигар ҳамкорӣ намоем ва бо ин таҳдиду хатарҳо дар якҷоягӣ роҳҳои нави мубориза бо ҷинояту ҷинояткориро пайдо намуда, мубориза барем.
Дар хотимаи вохӯрӣ меҳмонон барои пазироии гарму самимӣ ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуда, изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳои минбаъда байни ин боргоҳҳои илму маърифат боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.

4O6A6417




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun771

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика