Ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолияти РВКД дар ВМКБ дар давоми 11 моҳи соли 2021

13 декабри соли 2021, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти оперативӣ-хизматии РВКД дар ВМКБ дар 11 моҳи соли равонро баргузор намуд.
Дар оғоз сардори раёсати мазкур генерал-майори милитсия Мирзомуродзода Р. оид ба натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ дар самтҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайрокуниҳо дар байни ноболиғону ҷавонон, бозрасии давлатии автомобилӣ, мубориза бо муомилоти ғайриқонунӣ воситаҳои нашъадор ва ғайра ибрози андеша намуд.
Дар суханронии худ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. аз воқеаҳои рухдода дар шаҳри Хоруғ ва натиҷаҳои фаъолияти Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар ВМКБ дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки бо талошу кушишҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазъ имрӯз дар вилоят ба эътидол омада, мардум ба кору зиндагӣ машғул ҳастанд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар партави дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон сол аз сол рушду тараққӣ ёфта, ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳамасола корхона ва бинову иншооти гуногун сохта, мавриди истифода қарор мегиранд.
Аммо, роҳбарон ва аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо содир намудани ҷиноятҳо, аз қабили муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, қочоқи силоҳ ва сангҳои қиматбаҳо вазъияти ҷомеаро дар шаҳри Хоруғ ноором сохта, ба ин амалҳои ҷинояткоронаи худ ноболиғону ҷавононро ҷалб карда истодаанд.
Ба кормандони милитсия дастур дода шуд, ки барои суботу оромӣ ва осоиштагию амнияти шаҳрвандон вазифа ва уҳдадориҳои худро содиқона ва сарбаландона иҷро намоянд.

13.12.2021 14:25
1033
Хабарҳо (бойгонӣ)