Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди Вазири корҳои дохилӣ аз рафти омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар қисмҳои ҳарбӣ

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади омодагии афсарону сарбозон ба мавсими зимистонгузаронӣ, ҳамзамон санҷиши ҳолати омодабошии ҷангӣ аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ боздид ба амал овард.

0-02-02-a0f12f5d40df63e89dc86ddcff7e5d9faa2bce0190fbfd525d0e8ce0e541ac10 3242e779d79fffa5

Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии номбурда ба мавсими зимистонгузаронӣ омодагии ҳамаҷониба дида, дар амборхонаи онҳо захираи маҳсулоти хӯрока, либос ва сузишворӣ ба миқдори лозимӣ захира карда шудааст.
Омодабошии ҷангии ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ, бахусус сарбозону афсарон дар сатҳи баланди касбӣ буда, техника ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ дар ҳолати хуби коршоямӣ қарор доранд. Зимни суҳбату вохӯрӣ афсарону сарбозон руҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат нишон дода, ҳифзи ватан ва таъмини амнияти шаҳрвандонро вазифаи муқаддаси худ мешуморанд.
Вазири корҳои дохилӣ барои хизматҳои арзанда дар таҳкими суботу оромӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти сокинони вилоят ба афсарону сарбозон изҳори миннатдорӣ карда, бархе аз онҳоро аз номи Вазорати корҳои дохилӣ бо туҳфаҳо сарфароз гардонид ва дар хизмати сермасъулияту пурифтихор ба онҳо муваффақияту комёбӣ орзу намуд.

0-02-02-c7cbfa88032f949d46d4be2c79f6bec664edb6ba4375c392cc9728f7bd6609d4 21801dbaa9df1618




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun012.

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика