Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили Рӯзи Президент дар РВКД ВМКБ

7

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардида, дар кори он муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, сардори РВКД дар ВМКБ генерал-майори милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод, ҳайати шахсии раёсат ва ҷузъу томҳои он дар вилоят, устоди ДДХ ба номи Моёншо Назаршоев иштирок намуданд.
Ҳамасола дар саросари кишвар 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Дар қатори дигар идораву муассисаҳо Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ин санаи муҳими таърихиро бо баргузор намудани ҳамоиши илмӣ-назариявӣ истиқбол намуданд.
Нахуст сардори РВКД дар ВМКБ генерал-майори милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод иштирокдорони ҳамоиши илми назариявиро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд. Дар оғози ҳамоиши илмӣ филми ҳуҷҷатӣ доир ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қаҳрамониву ҷонфидоии он ҷиҳати ба даст овардани сулҳу субот ва якпорчагии кишвар дар давраи солҳои 90-ум ба иштирокдорони ҳамоиши илмӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, зимни баромад аз ҷонбозиҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар эъмор ва барқарорсозии сохти конститутсионии Тоҷикистон баромад намуда, таъкид дошт, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии мамлакат дар рӯзҳои мудҳиш ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ боис гардид, ки давлати ба порчаҳо тақсимшудаи тоҷиконро аз нав эҳё, давлати парокандаи тоҷикро дубора сарҷамъ ва давлати мустақили кишварро асос гузошт.
Дар он рӯзҳои нахустини давлатсозӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки дар Қасри арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуда буд, ба мардуми шарифи Тоҷикистон дар назди парчами давлатӣ савганд ёд намуда, таъкид дошт, ки ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам ва то даме, ки охирин муҳоҷири иҷборӣ берун аз кишвар аст ман худро орому осуда ҳис карда наметавонам. Пешвои миллат бо ҷасорат далерию матонат ва ғурури баланди миллӣ гомҳои устувор гузошта, Тоҷикистонро аз оташи ҷанги таҳмилӣ раҳо бахшида, сулҳу суботи кишварро таъмин намуд.
Дар идомаи ҳамоиши илмӣ сардори РВКД дар ВМКБ генерал-майори милитсия Мирзомуродзода Р.Т. баромад намуда, қайд кард, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик тақдирсоз буда, маҳз 16-уми ноябри соли 1992 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлати тозабунёди тоҷикон интихоб гардид. Воқеан роҳбари давлат ба савганди худ содиқ монда, давлатро аз вартаи нестшавӣ ва тавонист миллати тоҷикро аз фаноёбӣ наҷот бахшад. Имрӯз таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо тараққӣ намуда, зиндагии мардум дучанд беҳтар гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар саҳми назаррас дошта, ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро имрӯз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати демократӣ ва сулҳофар мешиносанд.
Сардори Раёстаи ВКД дар ВМКБ аз хизматҳои арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда иброз дошт, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳони сиёсати созандаи Ҷумҳурии Тоҷиктисонро ба ҳайси як кишвари мутараққиву пешрафта ва ташаббускор шинохта пешниҳодҳои ин кишвари сулҳоварро аз минбарҳои баланди созмони байналхалқӣ эътироф менамоянд.
Устоди ДДХ шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Мақсуд Ақризоев зимни баромад қайд намуд, ки таърих гувоҳ аст, ки дар он рӯзҳои сахту сангин барои миллати тоҷик сарвари ҷавон бо номи Эмомалӣ Раҳмон аз миёни мардум бархест ва барои Тоҷикистон бо заҳматҳои хастанопазири хеш оромиву сулҳу суботи кишварро таъмин намуд. Маҳз сиёсати созанда ва дурандешонаи ин сиёсатмадори муваффақ буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фосилаи кутоҳи вақт рушд ёфта, ба ҳадафҳои стротегии кишвар замина гузошт.
Дар ҳамоиши илмӣ кормандони ҷавони РВКД дар ВМКБ мавзӯъҳои «Пешвои мо - саодату ифтихори мо», «Пайравӣ аз сиёсати хирадмандони Пешвои миллат ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан» ва дигар мавзӯъҳо баромад намуда баён доштанд, ки сиёсатмадорони ҷаҳон миллатеро босаодат ва пирӯз меҳисобанд, ки сарвараш оқилу хирадманд ва соҳибфазилат бошад.
Боиси хушбахтии мо тоҷикон аст, ки миллати тоҷик дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин хислати олиҳимматӣ ва накӯпешагиро дида истодаанд. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти шаҳри Хоруғ доир ба Пешвои миллат шеърҳои пурмазмунро қироат намуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиши илмӣ барои фаъолияти хуби хизматӣ ба як қатор кормандони Раёсат рутбаҳои навбатӣ ва ба толиблмони муассисаҳои таълимӣ, ки дар ҳамоиши илмӣ фаъолона иштирок намуданд, мукофоти пулӣ тақдим карда шуд.
Баъди анҷоми ҳамоиши илмӣ-назариявӣ муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ва сардори РВКД дар ВМКБ генерал-майори милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод аз лавҳаи асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар бинои РВКД дар ВМКБ ҷо дода шудаанд, дидан намуданд.

6666

99

 

Далер Чоршанбе,
майори милитсия

 




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun5

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика