Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти судманди Вазири корҳои дохилӣ бо Президенти ширкати «Ҳуавей» дар минтақаи Авруосиё ҷаноби Чжоу Дантсзин

15-уми октябри соли 2021 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Президенти ширкати «Ҳуавей» дар минтақаи Авруосиё ҷаноби Чжоу Дантсзин дар бинои ВКД вохӯрӣ доир намуд.

4O6A1834

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили вусъат бахшидани ҳамкориҳои минбаъда, бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта ва амалинамоии даври дигари лоиҳаи «Шаҳри бехатар»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни суханронӣ Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ. қайд намуд, ки дар доираи мукаммал намудани фаъолият дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ лоиҳаи «Шаҳри бехатар» аз ҷониби ширкати «Ҳуавей» дар шаҳри Душанбе татбиқ карда шуд. Аммо дар низоми назоратбарии сабти видеоии «Шаҳри бехатар» камбудиҳо хеле зиёд буда, беҳбудӣ мехоҳад ва фаъолияти он бояд вобаста ба тараққиёти замони муосир мутобиқ карда шавад.
Дар навбати худ Чжоу Дантсзин изҳор дошт, ки аз Маркази «Шаҳри бехатар» дидан намуда, бо фаъолияти он аз наздик шинос шудам ва боварӣ дорам, ки камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, ҷиҳати амалинамоии ҳамкорию ҳамбастагӣ ҷаҳду талош менамоем.
Вохӯрӣ дар фазои озод ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида, дар хотима ҷонибҳо ҷиҳати рушду инкишоф додани лоиҳаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори боварӣ намуданд.
Гул Маҳбуба




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun5

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика