Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои Вазирони корҳои дохилии ИДМ

11 октябри соли 2021 ҷаласаи навбатии Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳо - узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар он тариқи реҷаи видео-конференсия намояндагони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, намояндагони вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Маркази зиддитеррористии ИДМ ширкат варзиданд.

1893Дар рӯзномаи ҷаласаи мазкур ҳамагӣ 14 масъала баррасӣ гардид. Аз он ҷумла, масъалаҳои ҳамкориҳои афзалиятноки вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳо - узви ИДМ, ҳолат ва дурнамои рушди фаъолияти ташкили заминаҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳамкорӣ ҷиҳати муқовимат бар зидди ҷинояткорие, ки бо истифодаи технологияи блокчейн ва криптавалютаҳо содир мегарданд, тақвияти нерӯи ҳамоҳангӣ оид ба ошкор намудани ҷиноятҳои технологӣ, аз қабили қаллобии интернетӣ ва ҳамкориҳо дар самти пешгирии шомилшавии ноболиғон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар рафти ҷаласа ҳамчунин масъалаи таҳияи лоиҳаи Барномаи чорабиниҳои муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2024-2028 ва коркарди санади тартиби қабул ва пешниҳоди маълумоте, ки дар махзани иттилоотии ВКД давлатҳо - узви ИДМ оид ба соҳаи муқовимат бар зидди рабудани воситаҳои нақлиёт мавҷуд аст, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Инчунин дар ҷараёни ҷаласа масъалаи таъсис додани нишони хотиравии Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳо - узви ИДМ "Барои тақвияти ҳамкориҳо" баррасӣ гардид.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро доир ба масъалаи 6-уми рӯзномаи ҷаласа ҷиҳати таҳияи лоиҳаи ҳуҷҷати байнидавлатии батанзимдарории тартиби ташкил ва гузаронидани таҳвили назоратшаванда аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлатҳо - узви ИДМ пешниҳодҳои судманд баён намуд.

Дар хотимаи ҷаласаи Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳо - узви ИДМ як қатор қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд, ки барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои минбаъда дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мусоидат хоҳанд кард.

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика