Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии воҳидҳои оперативӣ

1888

1889Бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кафедраи ташкили тактикаи Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети №6-уми Академияи ВКД 5-уми октябри соли 2021 дар толори фарҳангии Академияи мазкур конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи таъсиси воҳидҳои оперативӣ дар мавзӯи «Таъсис ва рушди воҳидҳои оперативии ВКД ва нақши онҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ» баргузор гардид.
Дар кори он муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД полковники милитсия Саидзода Шоҳрух, кормандони дастгоҳҳои оперативӣ, ҳайати профессорону омӯзгорон, курсантону шунавандагони Академия ширкат намуданд.
Бо садо додани Суруди милиии Ҷумҳурии Точикистон конференсия кори худро оғоз намуда, муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо иштирокчиёни онро бахшида ба рӯзи кормандони самти оперативӣ аз номи Вазири корҳои дохилӣ табрик гуфта, комёбиҳои дастгоҳҳои оперативиро дар мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлолият, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза ва ошкор намудани ҷиноятҳо муҳим арзёбӣ намуд.
Муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ иброз дошт, ки кормандони оперативӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ дастгирии ҳаматарафа меёбанд. ВКД яке аз ташаббускорони озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ» буда, дар он кормандони милитсия малакаю маҳорати баланди касбӣ нишон медиҳанд.
Дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат баҳри суботи комили сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини амнияти ҷамъиятӣ сардори РКҶ ВКД полковники милитсия Саидзода Шоҳрух баромад намуда, сухани табрикӣ ироа намуд.
Бо Фармони ВКД як қатор фаъолони оперативӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Фармонро оид ба ҳавасмандгардонӣ муовини сардори РК ва КҲШ ВКД Мусозода М. қироат намуда, дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолони оперативӣ мукофотҳо супорида шуданд. Сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ тамоми иштирокчиён, меҳмонон, кормандони оперативиро бо иди касбиашон самимона табрик гуфта, ба онҳо барору комёбиҳо таманно намуд.

189018911892

Дар фарҷом ба иштирокчиёни конференсия барномаи идонаи фарҳангӣ намоиш дода шуд, ки дар он ҳунармандони маъруф Тобиши Ҳилолӣ ва Фаридун Иброҳимзода бо сурудҳои ватандӯстона табъи иштирокчиёнро болида намуданд.

Асламов Б.С., Сафарова С.Н.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика