Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ярмаркаи идона бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

1946

Имрӯз (08.09.2021), бахшида ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати дастрасии кормандони милитсия ба маҳсулоти озуқавории нисбат ба бозор арзон дар таваққуфгоҳи ВКД ярмарка-фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва хӯрокворӣ ташкил карда шуд.
Дар ин ярмарка маҳсулоти ниёзи аввал равған, тухм, макарон, мевагӣ ва полезию сабзавот аз қабили картошка, сабзӣ, пиёз, карам, қаланфури булғорӣ, помидор, боимҷон, тарбузу харбуза ва дигар маҳсулоти хӯрока ба фурӯш гузошта шуда, бо сифати хуб ва нархи он нисбат ба бозор аз 30 то 50% арзон буд.
Ҳамчунин аз ҷониби хоҷагиҳои ёрирасон каду, карам, ангур, намак ва як қатор маҳсулотҳо ройгон ба мизоҷон дастрас гардонида шуд.

19481947

Бо дастгирии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ташкили чунин ярмаркаҳо дар арафаи ҳама гуна иду ҷашнҳо дар ВКД ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳайати шахсии мақомот аз ин таваҷҷӯҳу ғамхориҳо рӯҳбаланд гардида, вазифаҳои хизматии худро боз ҳам хубтару беҳтар иҷро менамоянд.

Манучеҳр Ҷамилов




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика