Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои собиқадорони мақомоти корҳои дохилии ВМКБ

1889

Дар толори РВКД дар ВМКБ ҷаласаи Шӯрои собиқадорони мақомоти корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назди муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои таъмини ҳифзи сарҳади давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд.
1890Шӯрои собиқадорони мақомоти корҳои дохилии ВМКБ зимни баррасии рӯзномаи ҷаласа фаъолияти мақомоти Шӯрои мазкурро дар давоми соли равон мавриди таҳлилу муҳокима карор дод. Дар кори Шӯро ба намояндагӣ аз Вазорати корҳои дохилӣ муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Ситоди байниидоравии макомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар вилоят генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, аъзои Шӯрои собиқадорони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори мустафӣ Давлатназар Булбулшоев ва дигар масъулини РВКД ширкат варзиданд.
Раиси Шӯрои собиқадорони мақомоти корҳои дохилии ВМКБ Рустам Имомбердиев зимни ироаи масъалаҳои марбут ба фаъолияти Шӯро дар давоми соли равон маълумоти муфассал дода, қайд кард, ки аъзоёни Шӯрои союбиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар РВКД ВМКБ дар самти пешгирии ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзу ҳимояи сарҳади давлатӣ, мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолияти назаррасро аз худ нишон медиҳанд.
Собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар рафти ҷаласаи Шӯро иброз доштанд, ки барои баланд бардоштани малакаи касбӣ ва фаъолияти хизматии кормандони ҷавони милитсия саҳми назарраси худро мерасонанд. Бо мақсади таъмини амният ва суботи ҷомеа, пойдории сулҳ дар кишвар собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилоят низ кӯшиш менамоянд, ки ҷавонону наврасонро дар руҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва ҳифзу эҳтироми муқаддасоти миллӣ тарбия намуда, дар баргузории чорабиниҳои гуногун аз қабили гузашти низомӣ фаъолона ширкат намоянд. Гуфта шуд, ки имрӯз аъзоёни Шӯро, бахусус собиқадорони соҳа дар тарғибу ташвиқи сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни аҳолӣ саҳми назаррас гузошта, кӯшиш менамоянд, ки насли ояндасози кишварро дар руҳияи ватанпарварӣ тарбия намоянд. Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар остонаи ҷашни муқаддаси миллӣ, яъне 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дошта, бо азму талошҳои хастанопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳру ноҳияҳои кишвар дар муддати кӯтоҳ рушду нумуъ карда, ба дастовардҳои арзанда ноил гардидааст.
Аъзои Шӯрои собиқадорони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори мустафӣ Давлатназар Булбулшоев зимни баромади хеш ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасогиҳои ҷойдошта маълумот манзур намуд.

189118921893

Муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода А.А., роҳбари Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар вилоят аз даргириҳо ва авзои ноамну ногувори минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҳар лаҳза метавонанд ба оромӣ ва сулҳу суботи кишвар монеа пеш оранд. Мавсуф қайд кард, ки дар пеш чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, аз қабили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад ва ҳар яки моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои сазовор ҷашн гирифтани маъракаҳои муҳими сиёсӣ аз худ масъулияти баланд нишон диҳем.
Дар анҷоми ҷаласа, барои тақвияти минбаъдаи кори Шӯрои собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ тавсияҳои судманд баён гардида, барои бартараф намудани баъзе камбудию норасоиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Далер Чоршанбе, майори милитсия,
Рудоба Чаманова, лейтенанти милитсия.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика