Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории Мушовараи ВКД оид ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматӣ

602

Имрӯз (13.07.2021) дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи Мушовараи ВКД вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6 моҳи авали соли 2021 ва вазифаҳои дар пешистода бо иштироки муовини Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Файзуллозода, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, аъзои Мушовара, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Ҷаласаи Мушовараро Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз намуда, қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ дар доираи дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти мамлакат вобаста ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ бар меоянд, корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.
Ҳамзамон дар идомаи ҷаласаи Мушовараи ВКД вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ, дар 6 моҳи соли 2021 муфассал маълумот дода шуд.
Сипас, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро мавриди муҳокима қарор дода, ба тамоми сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дигар ҳолатҳои қонуншиканӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Қайд карда шуд, ки бояд ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ аз худ масъулияти баланд зоҳир намуда, дастаҷамъона, қотеъона ва содиқона бар зидди ҷинояткорӣ мубориза бурда, манфиатҳои миллиро ҳифз намояд.

603604605

Ҷаласаи Мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6 моҳи соли 2021 қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар назди ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ барои нимсолаи дуюми соли равон як қатор вазифаҳо гузошта шуд.

Абдулмуъмин Зайниддинзода,
Муродалӣ Саидзода




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика