Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими аввалин хатмкунандагони Коллеҷи оташнишонӣ

1395

Дар майдони сафороии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзи 21-уми июни соли 2021 ба муносибати хатми аввалин афсарони ҷавони он чорабинии идона баргузор гардид.
Чорабиниро муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни ҷамъомади тантанавиро табрику таҳният гуфта, аз ҷумла иборз намуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ, саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятиро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд. Ҳамин аст, ки имрӯз чи дар сатҳи вазорату идораҳои давлатӣ ва чи дар корҳои муҳими ҷамъиятӣ ҷавонон нақши пешбарро доранд ва дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва мақомоти қудратии мамлакат, аз ҷумла дар мақомоти корҳои дохилӣ низ саҳми арзанда мегузоранд.
Сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ полковники хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода низ дар баромади худ аз ҷумла қайд намуд, ки воқеан ҳам ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда, симо ва ояндаи миллат мебошанд. Мояи ифтихору сарфарозии ҷавонон аст, ки имрӯз нисбат ба онҳо таваҷҷуҳу ғамхории беандоза зоҳир мегардад. Муносибати хирадмандонаи Роҳбарияти олии кишвар ба масоили гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷавонон ва ҷалби диққати ҷомеа дар тарбияву ташаккули афкори онҳо шароит фароҳам меорад, то ки ояндасозони ҷомеа мақому манзалати худро дар зиндагӣ пайдо намоянд. Таъсис додани Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ» бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳз бо мақсади дастгирии ҷавонон ва тарбияи мутахассисони ҷавони соҳа дар ҳудуди ҷумҳурӣ мебошад.

139413961397

Директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» полковники милитсия Ҳайдарзода Шомурод Ҳайдар ҳам зимни баромади хеш касби оташнишониро ҳамчун касби пурифтихору бошараф арзёби намуда, аз давраҳои гуногуни ташкилёбии хадамоти оташнишонӣ ва саҳми арзандаи кормандони он дар ҳифзи ҳаёту саломатии одамон ва моликияти хусусиву давлатӣ аз сӯхтор ёдоваршуда, афсарони ҷавонро ба давомдиҳандаи арзандаи кору фаъолияти собиқадорони хизматнишондодаи соҳа будан ҳидоят намуд.
Собиқарони соҳа ва волидайни хатмкунандагони коллеҷ низ дар баромадҳои худ вобаста ба дастгириҳои ҳамаҷонибаи Роҳбарияти Олии мамлакат, Вазорати корҳои дохилӣ ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ нисбат ба ҷавонон суханронӣ намуда, ба афсарони ҷавон дар кору фаъолияти аз пеш истодаашон бурдбориҳо таманно намуда, таъкид намуданд, ки ба давлату миллати хеш содиқона хизмат намоянд.
Сипас, дар шароити тантанавӣ аз тарафи роҳбарияти ВКД ва СХДО, инчунин роҳбарияти муассисаи мазкур Дипломҳои хатми коллеҷ бо ихтисоси «Техники бехатарӣ аз сӯхтор» ба афсарони ҷавон супорида шуданд.
Хатмкунандагон пас аз маросими дипломсупорӣ бо сарфарозию хушнудӣ ва ҳисси баланди ифтихори миллӣ дар назди ҷамъомадагон тантанавор ваъда доданд, ки барои содиқона хизмат намудан ба халқу давлат ва Тоҷикистони азизи худ тамоми қувваву донишашонро сарф хоҳанд кард ва давомдиҳандаи арзандаи кору фаъолияти собиқадорони хизматнишондодаи соҳа будан ҳидоят намуданд.

1398

Бояд қайд намуд, ки бо Фармони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 32 нафар аввалин хатмкунандагони Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» рутбаи аввалини лейтенанти хизмати дохилӣ дода шудаанд ва онҳо бо роҳхати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кору фаъолият дар Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД сафарбар карда мешаванд.

Кароматулло Абдуллоев, СХДО ВКД ҶТ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика