Рӯзи 21-уми июни соли 2021 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бо хатмкунандагони Академияи ВКД вохӯрии судманд баргузор намуд. Роҳбарияти Вазорат ҳамаи хатмкунандагонро барои бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ва таъин гардидан ба вазифаҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаашон барору муваффақиятҳо таманно кард.
Дар анҷоми вохӯрӣ, хатмкунандагон изҳор доштанд, ки якдилонаву софдилона барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҳама гуна амалу кирдори хилофи қонун фаъолияти худро ба роҳ монда, ба Ватан содиқона хизмат менамоянд.
Эҳсон Абдуллозода
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>