Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти судманди Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Имрӯз (10.06.с.2021), Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-лейтенант Бобожонов Пулат Раззаковичро, ки дар ҳайати гурӯҳи корӣ дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

0-02-05-48c2a589262752f0639a2b9f1c51ab0cd27f2d506c5ac44e17f3f95dd9756c46 8e06efae369ac1a9

Нахуст, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-лейтенант Бобожонов Пулат Раззаковичро хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки вохӯрии имрӯза барои таҳким бахшидани робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду мақомот манфиатбахш мебошад.

Зикр гардид, ки мо бояд ҳамкориҳоро тақвият бахшида, дар мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва таҳдиду хатарҳои замони муосир дар ҳамбастагию якҷоягӣ фаъолият намоем.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили ҳамкориҳоро дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, сепаратизм, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилооти оперативӣ ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳои пайвастаи воҳидҳои мақомоти корҳои дохилии ҳарду ҷониб мавриди баррасӣ қарор доданд.
4O6A43791

Мавриди қайд аст, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба фаъолона рушду густариш ёфта, ҳарду давлат дар фаъолияти ИДМ ва СҲШ нақши калидӣ дошта, дар таъмини амният ва суботи Осиёи Марказӣ саҳми муҳим мегузоранд.

Гул Маҳбуба




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика