Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

1286

Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб, тоза намудани лою гил ва расонидани кумак ба сокинони шаҳри мазкур аз ҷониби кормандони милитсия корҳои бартарафсозӣ таҳти роҳбарии бевоситаи  Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ.  ҷараён доранд.

12891287

Айни замон, барои тоза намудани лою гил мошинҳои сухторхомӯшкунӣ, мотопомпаҳо ва дигар техникаю таҷҳизот ва тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ сафарбар гардида, дар ин рӯзҳои душвор дар бари мардуми сарбаланди Кӯлоб қарор дошта,  рисолати худ, яъне хизмат ба халқу Ватанро содиқона иҷро  намуда истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки шоми рӯзи 11 май бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода,, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия  Рамазон Раҳимзода, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода ба маҳали аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Муъминободи вилояти Хатлон сафарбар гардиданд.

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.

Бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб, тоза намудани лою гил ва расонидани кумак ба сокинони шаҳри мазкур аз ҷониби кормандони милитсия корҳои бартарафсозӣ таҳти роҳбарии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ҷараён доранд. Айни замон, барои тоза намудани лою гил мошинҳои сухторхомӯшкунӣ, мотопомпаҳо ва дигар техникаю таҷҳизот ва тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ сафарбар гардида, дар ин рӯзҳои душвор дар бари мардуми сарбаланди Кӯлоб қарор дошта, рисолати худ, яъне хизмат ба халқу Ватанро содиқона иҷро намуда истодаанд. Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.



Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика