Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мушовараи ВКД оид ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматӣ дар се моҳи аввали соли 2021

564

Имрӯз (23.04.с.2021), дар толори Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи Мушовараи ВКД оид ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар семоҳаи аввали соли 2021 ва вазифаҳо барои давраи семоҳаи дуюми соли равон таҳти раёсати Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баргузор гардид.

Дар идомаи ҷаласаи ВКД вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 3 моҳи аввали соли 2021 муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо муфассал баромад намуд.

Сипас оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳамкории доимии нозирони минтақавӣ бо аҳолӣ ва бартараф намудани камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов баромад кард.
Дар ҷараёни ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро мавриди муҳокима қарор дода, ба тамоми сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти хизматӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, пешгирии амалҳои номатлуб ва дар ҳамкории зич қарор доштани кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷомеа дастуру супоришҳои мушаххас дод.

565566567

Дар хотимаи ҷаласаи Мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар се моҳи аввали соли равон қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар назди кормандони милитсия барои семоҳаи дуюми соли 2021 як қатор вазифаҳо ва уҳдадориҳо гузошта шуд.

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика