Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили 28-умин солгарди Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ

1828

Имрӯз (10.04.с.2021), яке аз ҷузъҳои таркибии Вазорати корҳои дохилӣ - Қӯшунҳои дохилӣ 28-умин солгарди таъсисёбиашро бо дастоварду натиҷаҳои назарраси ҳарбӣ таҷлил менамояд.

Бахшида ба ин муносибат чорабинии тантанавӣ баргузор гардида, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои дохилиро бо рӯзи таъсисёбии ин сохтори муҳими давлатӣ самимона табрик гуфтанд.
Бояд қайд намуд, ки бо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-уми апрели соли 1993 Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, кормандони он то бо имрӯз содиқонаву софдилона дар пайи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амният, безараргардонии гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ адои хизмат менамоянд.
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз соли 1993 вазифаҳои қӯшунҳоро мушаххас барои ҳар фарди ҳайати шахсии он муайян намудааст ва дар роҳи иҷрои ин вазифаҳо тӯли 28 сол аст афсарону аскарон воқеан ҳам бо бардошту сабурӣ, диловарию ҷасорат ва фидокориву мардонагӣ хизмат менамоянд ва сол аз сол малакаю дониш ва маҳорати касбии хешро сайқал дода, дар иҷрои амру фармонҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалия, яъне дар безараргардонии гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, амалиётҳои махсуси ҷангӣ натиҷаи назаррасеро ба даст овардаанд.

1829183018311832

Бахусус тайи солҳои охир зери роҳбарии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., фаъолияти хизматии ҳайати шахсӣ дар машқҳои тактикӣ, командавӣ, махсус ва муштараки умумӣ малакаи баланди худро нишон доданд, ки ин гувоҳи заҳмату омӯзиши пайваста мебошад.
Вобаста ба рӯзи таъсисёбии ин неруи тавонои кишвар ва кафили низому тартибот дар қисми низомии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ чорабинии тантанавӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо оғоз гардида, дар он паради ҳарбӣ, суруду мусиқии низомии оркестри нафасии Қӯшунҳои дохилӣ ҳусни дигар зам намуд.
Дар ин ҷамъомад аз давраи ҳассосу тақдирсози даврони тозаистиқлоли кишвар ва саҳми Қӯшунҳои дохилии ВКД дар барқарор намудани сохти контстиутсионии мамлакат ва бо дастгириву сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат ба ин сатҳи баланди касбӣ расидани ин сохтори низомӣ ёдоварӣ карда шуд.
Дар чорабинии мазкур бо маҳорату малакаи баланди касбӣ аз ҷониби мутахассисони варзидаи Қӯшунҳои дохилӣ машқҳои танбатан, истифодаи таҷҳизот ва қувва дар ҳолатҳои фавқулода, безараргардонии террористони шартӣ ва дигар машқҳои махсус нишон дода шуданд.
Ҳамчунин зимни чорабинии ҷашнӣ омодабошии техникаву таҷҳизот ва нақлиётҳои зиреҳпӯши ҷангӣ ва дигар силоҳу лавозимоти ҷангӣ намоиш дода шуданд.

1833

Дар фарҷоми чорабинӣ бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. як қатор афсарону сарбозон бо рутбаҳои навбатӣ ва бо медалу туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Абдулмуъмин Зайниддинзода,
Муродалӣ Саидзода




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика