Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Амалиёти «Нелегал-2021»: Видео-конфронс доир ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ

1793

Рӯзи 31-уми март дар бинои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ситоди байналмилалии амалиёти минтақавии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) «Нелегал-2021» бо иштироки намояндагони давлатҳои аъзои ин созмон, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус ва Арманистон тариқи видео-конфронс дар мавзӯи амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ-профилактикии муштарак ва амалиётҳои махсус доир ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони кишварҳои сеюм таҳти унвони шартии «Нелегал-2021» баргузор гардид.
Дар видео-конфронси мазкур муовини Котиби генералии СААД Валерий Семериков, Котиби КСБНМ СААД, ГУВМ ВКД Федератсияи Россия генерал-лейтенанти политсия Валентина Казакова, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир ва муовини сардори ХШБ ВКД полковники милитсия Зумрад Абдулозода, инчунин намояндагони Вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои аъзои СААД вобаста ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

17941795

Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Котиби генералии СААД Валерий Семериков оғоз намуд. Ӯ қайд кард, ки пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, бақайдгирӣ, воридот ва хуруҷи онҳо аз қаламрави давлатҳои аъзо, инчунин пешгирии ҷиноятҳои муташаккилона, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва савдои одамон аз ҷумлаи ҷиноятҳое мебошанд, ки мебояд ҳамаи мо дар мубориза бо ин қонуншиканиҳо дастаҷамъона мубориза барем. Аз ин хотир роҳандозӣ намудани амалиёти оперативӣ-профилактикии «Нелегал-2021» дар қаламрави давлатҳои аъзо айни муддао мебошад.
Инчунин, дар навбати худ, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов ба иштирокчиёни кори конфронс барору комёбӣ таманно намуда қайд кард, ки аз ҷониби мо нақшаи барнома ва бандҳои дарбаргирифтаи он ба пуррагӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт ва аз он бармеояд, ки нақшаи таҳиягардида тамоми ҷабҳаҳои самти мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб, муайяну дастгир намудани шахсони дар кофтукови байналмилалӣ қарордошта ва ошкору пешгирии дигар ҷиноятҳоро дар бар мегирад.
Дар рафти конфронс иштироккунандагон тибқи барномаи ҷаласа нақша ва марҳилаҳои баргузории амалиёти «Нелегал-2021», мубодилаи иттилоот, ҳамкории мутақобилаи ҷонибҳо ва дигар паҳлуҳои мавзӯи баррасишавандаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Р. ИЛЁСОВ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика