Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Модар модарай, кафили аҳли башарай

1633

Имрӯз (06.03.2021с.) дар партави сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, ба муносибати Рӯзи Модар дар кохи «Суруш» бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ, роҳбарияти ҷузъу томҳои ВКД ва кормандзанону бонувони мақомоти корҳои дохилӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

16341635

Чорабинии идонаро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Бароталӣ Ҳамидзода оғоз намуда тамоми кормандзанону бонувон, занони собиқадори мақомоти корҳои дохилиро, инчунин меҳмонони ҳузурдоштаро аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрику муборакбод гуфта, барояшон саломатии бардавом, ободии хонадон, хушиҳои рӯзгор ва дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳо тамано намуд.
Зимни суханронии худ муовини Вазири корҳои дохилӣ аз бузургиву меҳрофарии зан-модар, нақши онҳо дар пешрафту ободонии кишвар, бунёди оилаи солиму муваффақ, фаъолияти пурсамари занону бонувон дар сохторҳои қудратӣ ва корхонаву идораҳои давлативу ҷамъиятӣ суханронӣ намуда қайд кард, ки бо мақсади боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа пайваста аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судманд андешида шуда, онҳо дар баробари мардон ба корҳои давлатӣ ҷалб карда мешаванд. Ҷомеаи имрӯза, фаъолияти идораву муассиса ва кулли соҳаҳои ҳаётро бе иштироки онҳо тасаввур кардан ғайри имкон аст, зеро он ҷойе, ки занону бонувон ҳастанд ҳамеша зебоӣ, тозагӣ, лутфу навозиш ва самимияту меҳрубонӣ ҷой дорад.
Ҳамзамон мавсуф оид ба кору фаъолияти содиқонаи кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ, саҳми онҳо дар таҳкими оромиву осоиштагии давлат ва пешрафти самти фаъолият суханронӣ намуда зикр кард, ки мо аз он ифтихор менамоем, ки занон дар баробари мардон тамоми кӯшишу заҳмати хешро барои пешрафти кори милитсия сарф намуда, ҳамарӯза дар кору фаъолияти худ садоқат ва самимияти худро нишон медиҳанд. Бояд қайд кард, ки интихоби ин пешаи пурифтихору масъулиятнок аз ҳар як нафар шуҷоату матонат, ҳушёриву зиракӣ ва донишу истеъдоди баланро талаб мекунад, бахусус барои занҳо, ки аз тавоноиву иродаи қавӣ доштанашон шаҳодат медиҳад.
Боварии комил дорам, ки бонувони Вазорати корҳои дохилӣ минбаъд ҳам, вазифаҳои хизматии худро бо ҳиссиёти баланди касбӣ, интизоми намунавӣ ва содиқона ба Савганд иҷро менамоянд. Бигузор он меҳру муҳаббат ва самимияте, ки дар қалбатон ҳаст дар муносибати оилавӣ, коллективи корӣ ва пешрафти нақшаву ниятҳоятон пойдор бошад.

1636163716401641164216381639

Инчунин муовини Вазири корҳои дохилӣ ба дастаи волейболбозони «Динамо»-и ВКД, ки дар мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» ғолиб гардида сазовори Ҷоми мусобиқа шудаанд, аз номи роҳбарият ва ҳайати шахсии ВКД арзи сипосу миннатдорӣ баён намуд.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ ба як қатор кормандзанон, ки бо Фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, барои хизматҳои намунавӣ, вазифаҳои ба зимма доштаашонро содиқонаву софдилона баҷо овардаанд ва дар пешрафти самти фаъолияту корҳои ҷамъиятӣ саҳми арзанда доранд, бо рутбаҳои навбатии подполковник, майор ва капитани милитсия, нишонҳои сарисинагии «Барои хизматҳои аъло», «Аълочии милитсия», бо медалҳои «Барои хизматҳои шоён дараҷаи 1 ва 3», «Милитсияи тоҷик», «Садоқат», «Барои саҳми арзанда дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ», инчунин Сипосномаву Ифтихорнома ва Раҳматномаҳои ВКД қадрдонӣ шудаанд, ба онҳо тақдим намуд.
Қисмати дувуми ҷамъомади тантанавиро сарояндагону навозандагони ансамбли созӣ-овозии «Сипар»-и ВКД ва сарояндагони шинохтаи ҷумҳурӣ бо суруду таронаҳои ҷаззобу дилнишини худ ҳусни идона бахшиданд.

Р. Илёсов




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика