Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пирӯзии бонувони Вазорати корҳои дохилӣ дар мусобиқаи волейбол

1019

Дар мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» дастаи волейболбозони «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ғолиб омада, соҳиби Ҷоми мусобиқа гардиданд. 

Рӯзи 6-уми марти соли 2021 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро волейболбозони ғолибро бо ин дастовардашон ва иди бонувон – «Рӯзи Модар» табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти ояндаашон бурдборию муваффақиятҳои беназир таманно кард.

10201021102210241023

Ҳамчунин ба варзишгарони ғолиб тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. 

Бояд қайд намуд, ки бонувони волейболбози Вазорати корҳои дохилӣ аз худ маҳорати баланд нишон дода, рӯзи 5-уми марти соли 2021 дар даври ниҳоии мусобиқа дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллиро бо ҳисоби 3:0 мағлуб сохтанд. Дар ин гурӯҳ мақоми сеюмро дастаи Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба даст овард.
Мусобиқаи мазкур бахшида ба таҷлили «Рӯзи Модар», ки бо ташаббуси Мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида буд, аз 10-уми феврал то 5 марти соли 2021 дар толори Муассисаи давлатии Маркази омодакунии олимпии тимҳои мунтахаби шаҳри Душанбе (Манеж) идома ёфт.
Бояд зикр намуд, ки дар ин мусобиқаи бонуфӯз, ки аз соли 2017 инҷониб доир карда мешавад, соли ҷорӣ 42 дастаи волейболбозони касбӣ ва ғайрикасбӣ ширкат намуданд. Дар мусобиқаи касбӣ бошад, дастаи волейболбозони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойи аввал, дастаи Душанбе-1 ҷойи дуюм ва дастаи вилояти Суғд мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Ғолибони мусобиқа аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ бо Ҷом, диплом, медалу Ифтихорнома ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Х.Солиҳов




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика