Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ВКД

529

Имрӯз (19 феврал) бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, хабарнигорони матбуоти даврӣ, шабакаҳои телевизиониву радиоии дохиливу хориҷии кишвар ва роҳбарияти Сарраёсату раёсатҳо ва ҷузъу томҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти оперативӣ-хизматии ВКД дар соли 2020 баргузор гардид.

530

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз намуда, ба намояндагони васоити ахбори омма барои иштирокашон дар ин чорабинӣ арзи сипосу миннатдорӣ намуд. Вазири корҳои дохилӣ зикр кард, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз ҳамкориҳои ҳамаҷонибаву самарабахш ва воқеъбинона бо шумо, намояндагони расонаҳои хабарӣ қаноатманд мебошанд.
Дар идомаи суханронии худ Вазири корҳои дохилӣ афзуд, ки мақомот фаъолияти худро тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқие, ки самти фаъолияти Вазорати корҳои дохилиро ба танзим медарорад, ба роҳ мондааст. Албатта, натиҷаву дастовардҳои оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо сокинони кишвар ва аҳли ҷамоатчигӣ, бахусус бо рӯзноманигорон ва дигар қишрҳои ҷомеа боиси пешравӣ гардида, дар якҷоягӣ тавонистем суботу оромии кишварро давоми соли 2020 пурра таъмин намоем.
531Рамазон Раҳимзода дар идома аз вазъи ҷинояткорӣ, ошкору пешгирии қонуншиканиҳо, саҳмгузории кормандони ниҳод дар баргузории тамоми чорабиниҳои кишвар, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди кормандони милитсия бо аҳолӣ, дастоварду пешравиҳои дигар самтҳои фаъолияти ВКД ва ҷузъу томҳои он ёдовар шуда, қайд кард, ки давоми соли сипаригардидаи 2020 новобаста ба хуруҷи бемории оламгири КОВИД-19 ва ташвишу зарарҳои молию ҷонии он дар сохтори Вазорат, хадамот, раёсату шуъбаҳои он дар маҳалҳо як қатор корҳои ободонию бунёдкорӣ амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар ин сол бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Хадамоти давлатии “Муҳофиза” дар шаҳри Душанбе, бинои шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои Ванҷу Роштқалъаи ВМКБ, бинои хадамоти оташнишонии ноҳияи Ховалинг мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд. Дастгирии пайваста ва таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат ба фаъолияти кормандони ВКД моро водор месозад, ки бо иродаи устувору хастанопазир дар таъмини волоияти қонун, ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ саҳм гузорем.
Мавсуф зикр намуд, ки дар натиҷаи пешбурди фаъолият давоми соли 2020 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 23 ҳазору 460 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, аз ин теъдод 18 ҳазору 887 ҷиноят ошкор гардидааст, ки кушодашавии онҳо 83 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, 107 ҷинояти куштор, 33 роҳзанӣ, 161 ғоратгарӣ, 1325 авбошӣ, 2866 қаллобӣ, 6197 дуздӣ ва дигар ҷиноятҳо вобаста ба самти фаъолият ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамзамон, Вазири корҳои дохилӣ оид ба ҳолатҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва фаъолияти гурӯҳҳои нашъаҷаллоб, дастгиру муайян намудани шахсони дар кофтуков қарордошта, кушодани ҷиноятҳои солҳои пеш, пешбурди парвандаҳои тафтишотӣ ва дигар дастовардҳои самтҳои фаъолият низ изҳори андеша намуд.

532533

Пас аз баромади пурмуҳтаво Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба саволҳои сершумори рӯзноманигорон, аз ҷумла оид ба насби камераҳои мушоҳидавӣ дар гузаргоҳҳо, оид ба раванди амалишавии барномаи ислоҳоти милитсия, баргузории мушовараҳои якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, оид ба дастгир ва баргардонидани ҷинояткорон аз хориҷи кишвар ва дигар саволу дархостҳои хабарнигорон ҷавобҳои мушаххасу возеҳ дод.
Дар баробари гирифтани посухҳои пурра ба саволҳояшон, ҳамзамон хабарнигорон ба Вазири корҳои дохилӣ оид ба фаъолияти телефони боварии ВКД ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия арзи сипос намуданд.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun011

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика