Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохȳрии муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ бо курсантон

1546

Дар партави иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, шароитҳои мусоиди таълим вохӯрии муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо курсантон, шунававндагон ва омȳзгорони Академияи ВКД баргузор гардид.

1547

Мулоқотро муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода А.А. оғоз намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таълиму тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Бо ибтикори ȳ шумораи мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар солҳои Истиқлолият афзуда бо тамоми таҷҳизоти муосир таъмин гардиданд. Мисоли барҷаста ва рушани он ифтитоҳи Академияи ВКД мебошад. Ҳамчунини Пешвои муаззами миллат дар мулоқоту вохӯриҳо ва Паёмҳои солона ба Маҷлиси Олӣ маорифро яке аз соҳаҳои калиди ҳисобида маблағгузориро ба он афзун намудааст. Эълон намудани 20-солаи омȳзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, гузаронидани озмунҳои "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" ва "Фурӯғи субҳи доноӣ" аз иқдом ва ташаббусҳои Пешвои миилат дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонони кишвар мебошад. Дар ин асос бо супориши Вазири корҳои дохилӣ дар муассисаҳои таълимии Вазорат аз ҷумла Академия ин чорабиниҳо роҳандозӣ гардидаанд, ки боиси баланд гардидани завқ ва масъулияти курсантону омȳзгорон гардид.

1548

Ҳамин тариқ, ҳангоми ҷамъбасти вохӯрӣ сардори Академияи ВКД номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ намуд, ки ин вохӯрӣ ба ҳамагон баҳри ташаккули руҳияи миллӣ, садоқат ба Ватан, Ваҳдати миллӣ, боло бурдани сатҳи таълиму тарбия мусоидат менамояд.

Асламов Б.С., Сафарзода С.Н.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика