Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими кушодашавии мусобиқаи кушоди варзишӣ

965

Бо мақсади рушди варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа, таҳкими дӯстию рафоқат байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ҳамасола мусобиқаҳои мухталифи варзишӣ, фарҳангӣ-варзишӣ ва оммавӣ-варзишӣ доир карда мешаванд, ки дар онҳо варзишгарони синну сол ва касбу кори гуногун ҷалб карда мешаванд. 

Дар моҳи феврали соли 2021 низ бахшида ба таҷлили ҷашни «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусобиқаи кушоди навбатии варзишӣ аз намудҳои футболи хурд, гӯштини самбо, сангбардорӣ, шашка ва шоҳмот байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» баргузор карда мешавад. Бояд зикр намуд, ки бозиҳои футболи хурд аллакай оғоз ёфта, идома доранд. Дар ин сабқат, дар гурӯҳи байни ҷавонон 30 даста, собиқадорони аз 40-сола боло 10 даста, собиқадорони аз 55-сола 7 даста ширкат меварзанд, ки нисбат ба соли гузашта дастаҳои иштирокчӣ зиёдтаранд.

966967968969970971972973977Маросими кушодашавии мусобиқаи кушоди варзишии мазкур рӯзи 13-уми феврали соли ҷорӣ дар толори Муассисаи давлатии Маркази омодакунии олимпии тимҳои мунтахаби шаҳри Душанбе доир гардид, ки дар он роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияҳои футбол, гӯштини миллӣ ва самбои кишвар, собиқадорони соҳаи варзиш ва варзишгарону мухлисон иштирок доштанд. 

Дар чорабинӣ, бо сухани ифтитоҳӣ, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов баромад намуд. Мавсуф, нахуст тамоми иштирокчиёнро аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба маросими кушодашавии мусобиқаи кушоди Вазорати корҳои дохилӣ хайра мақдам гуфта, бо ҷашни дарпешистодаи Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд.
Қайд карда шуд, ки баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳукми анъана даромадааст, зеро иштироки фаъолонаи дастаҳои варзишии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ, зери парчами варзишӣ, ба сарҷамъ гардидани варзишгарону кормандони касбу кору гуногун, дӯстию рафоқат мусоидат намуда, саҳмгузорӣ дар пешгирии ҷинояткорӣ ва бо ин роҳ нигоҳ доштани сулҳу субот ва оромӣ дар кишвари азизамонро нишон медиҳад.
Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар партави амалисозии сиёсати созандаю бунёдкоронаи давлату ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа тамоми тадбирҳои заруриро меандешад. Нисбати беҳтаргардонии шароитҳои ба варзиш машғул гардидани варзишгарону кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ диққати махсус зоҳир намуда, дар мақомот толору майдонҳои варзишии зиёди ҷавобгӯ ба талаботҳои замони муосир сохта ба истифода дода шудаанд. Сол аз сол бахшҳои нав ба нави намудҳои нави варзишӣ кушода шуда, дар онҳо шумораи ҳарчӣ бештари ҷавонону наврасони хоҳишманд ҷалб карда мешаванд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда низ чунин мусобиқаҳои варзишӣ ташкил ва гузаронида шуда, баҳри якдилию муттаҳидӣ, сулҳу оромӣ, ободию пешрафти кишварамон мусоидат хоҳанд кард.
Дар охир, муовини Вазир Бароталӣ Ҳамидзода ба тамоми иштирокчиён тансиҳатию хонаободӣ, бурдборию комёбиҳо дар кору фаъолият ва зиндагиашон таманно намуда, ба доварону варзишгарон иброз дошт, ки «Бигузор қувваозмоиҳо шаффофу одилона доир гардида, ғолибият насиби варзишгарони лоиқу беҳтарин гардад!».
Пас аз садо додани Суруди миллӣ, муовини Вазир генерал-майори милитсия Бароталӣ Ҳамидзода мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намудҳои футболи хурд, гӯштини самбо, сангбардорӣ, шашка ва шоҳмот байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ»-ро расман кушода эълон намуд.

974975976

Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор собиқадорон, намояндагони ташкилотҳои варзишӣ, доварон ва соҳибкороне, ки бо Вазорати корҳои дохилӣ дар соҳаи варзиш ҳамкорӣ доранд, инчунин ба нафароне, ки дар баргузории чорабиниҳои варзишии вазорат саҳми босазо доранд, аз номи Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Сипоснома тақдим карда шуданд. Ҳамзамон, ба футболбозони дастаи «Динамо», ки дар соли сипаришуда ба дастовардҳои назаррас ноил гардида буданд, шаҳодномаҳои номзад ба устоди варзиши футбол супорида шуданд. Мукофотҳоро муовини вазири корҳои дохилӣ Бароталӣ Ҳамидзода ва намояндагони Федератсияи футболи кишвар супориданд.
Айни замон, сабқатҳои варзишӣ дар доираи мусобиқаи кушод идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттилоъ хоҳем дод.

Х. Солиҳов, Ҷ.Мавлонов




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика