Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ярмаркаи маҳсулоти ниёзи мардум бахшида ба Соли нави мелодӣ

1417

Имрӯз (30.12.2020), ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ бо ташаббус ва ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар шафати бинои Вазорати корҳои дохилӣ ярмаркаи маводи хӯрока барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва таъмин намудан бо маҳсулоти арзону хушсифат бо иштироки хоҷагиҳои ёрирасон доир карда шуд.
Дар ярмаркаи мазкур хоҷагиҳои ёрирасон аз ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, инчунин дигар корхонаву ширкатҳои дохилӣ маҳсулоти худро бо нархҳои дастрас аз 30 то 40 фоиз нисбат ба бозор арзонтар ба фурӯш бароварданд.
Хоҷагиҳои ёрирасон дар ярмарка, ба харидорон 1 килограмм гушт – 30 то 35 сомонӣ, 1 килограмм биринҷ - 8 сомонӣ, пиёзу картошка як килограмм 1 сомонӣ ва дигар маҳсулоти хӯрока, аз қабили шалғам, сабзӣ, мевагиву маҳсулоти гуштиро бо нархҳои дастрас пешкаши харидорон намуданд.

1418

Бояд қайд кард, ки ҳамасола бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар арафаи ҳама гуна ҷашну чорабиниҳои идона барои ғанӣ гардонидани хони шаҳрвандон ва дастгирии кормандон чунин ярмаркаи молу маҳсулоти хӯрока баргузор карда мешавад.

Муродалӣ Саидзода




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика