Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ховалинг: Ҷаласа дар назди Вазири корҳои дохилӣ

Vazir-khovaling-2020

Имрӯз (20.12.с.2020), дар Ситоди таъсисдодашуда оид ба сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ дар назди Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо иштироки Раиси ноҳияи Ховалинг, раисони ҷамоатҳои деҳот, деҳа, маҳалла, кормандони барқ ва дигар роҳбарияти корхонаву идораҳои ноҳияи Ховалинг ҷаласа баргузор гардид.

B234118A-26DB-40BB-A81E-726366E159A3

Вазири корҳои дохилӣ зимни суханронӣ қайд кард, ки бояд неруи барқро сарфакорона истифода бурда, то 50% истифодабарии онро коҳиш диҳем.
Ҳамчунин ҷиҳати сарзабзу зебо гардонидани муҳити зист иброз дошт, ки тасмим гирифтем иловатан боз 20 ҳазор ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида, мисли фарзанд онҳоро нигоҳубин намоем. Дарахтон аз қабили магнолия, арчаҳои сузанбарг, каштан ва ғайраҳоро мешинонем.
Дарахтҳои кӯҳансоли пӯсида ва каҷу килеб ба дарахтони зебо то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иваз карда мешаванд.
Дар зимн дастур дода шуд, ки дарахтҳоро эҳтиёт намоянд, то чорвои майда ва калон онҳоро нобуд накунанд.
Зикр гардид, ки барои соли оянда ҷиҳати иштирок дар озмунҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ, шеърхонӣ, китобхонӣ ва ғайра мусобиқаҳо ва озмунҳо ташкил карда, омодагӣ дида шавад. Озмунҳо ва ҷоизаҳоро муайян мекунем, ки ҷавонон ҳавасманд шаванд, то ҷойҳои намоёнро ишғол намоянд.
Вазири корҳои дохилӣ дар идомаи баромади худ зикр кард, шахсан аз зимистонгузаронии мактабҳо ва беморхонаҳо дидан намуда, бо захираи ангишт аз ҳисоби худашон онҳоро таъмин менамоянд.
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки ҷиҳати гирифтани пеши роҳи ҳодисаҳои табиӣ, омадани сел ҳангоми боришоти зиёд масъалаҳои соҳилбандӣ омӯхта шуда, пеши роҳи онҳо гирифта шавад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки ноҳияи Ховалинг хушобу ҳаво буда, табиати дилпазири он барои тараққӣ додани соҳаи занбӯрпарварӣ ва гирифтани асал мусоид мебошад. Бинобар ин соҳаи занбӯрпарварӣ тараққӣ дода шуда, маҳсулоти он ҳатто ба хориҷи кишвар интиқол дода шавад.
Инчунин барои ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахши кӯҳӣ ва ба сайёҳон пешниҳод ва ба фурӯш баровардани онҳо дастур дода шуда, зикр гардид, ки барои ҷойҳои фурӯши маҳсулотҳо ба сайёҳон, нуқтаҳои савдо ташкил карда шавад.
Дар идомаи ҷаласа таъкид гардид, ки дар ноҳияи Ховалинг 6903 хоҷагӣ ва дар шаҳраки Ховалинг 1430 хоҷагӣ аст, ки то имрӯз қариб ба ҳамаи сокинон доир ба миннатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба интихоботи Парлумонӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар фазои сулҳу осоиштагӣ баргузор гардид, вохӯриҳо гузаронида шуда, инчунин ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани неруи барқ суҳбатҳои муфид доир карда шуд.
Дар хотимаи ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ зикр кард, ки аҳолии ноҳияи Ховалинг 58 143 нафарро ташкил дода, бояд онро ҳамаамон дар якҷоягӣ ба диёри ҳамешабаҳор мубаддал намоем.
Шиори мо - Ховалингро ба ноҳияи ҳамешабаҳор табдил медиҳем!
Мавриди зикр аст, ки имрӯз Вазири корҳои дохилӣ тамоми маркази ноҳияи Ховалинг ва маҳаллаҳоро пои пиёда гаштугузор намуда, камбудиҳоро муайян ва барои бартараф кардани онҳо ба масъулин ва сохторҳои қудратӣ як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика