Имрӯз (18.12.с.2020), дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар идомаи сафари хизматӣ ба ноҳияи Ховалинг аз боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи мазкур боздид ба амал овард.
Мавриди қайд аст, ки дар ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Ховалинг боғи фарҳангу фароғат ва гулгашти замонавӣ бо майдони Парчам ва Нишони давлатӣ ва дигар биноҳои иҷтимоиву хизматрасонӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Вазири корҳои дохилӣ зимни боздид аз боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, сарзабзу зебогардонӣ, шинонидани ниҳол ва гулу гулбуттаҳои ҳамешасабз ба масъулин як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Гул Маҳбуба
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>