Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии муштараки фарҳангӣ-варзишӣ дар шаҳри Душанбе

853

Рӯзи 15-уми ноябри соли 2020, чорабинии муштараки маърифатӣ, фарҳангӣ ва варзишии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ зери унвони «Корвони зиддимухаддиротӣ-2020», таҳти шиори «Якҷо бо маводи нашъадор мубориза мебарем!» дар назди Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии пойтахт – шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд доир гардид.

Чорабинии муштарак бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои оркестри нафасии Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Дар ин чорабинии бошукӯҳ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар корхонаю идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, варзишгарон, ҷавонону наврасони шаҳри Душанбе ширкат доштанд.

854855

Бо сухани ифтитоҳӣ дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Муртазо Ҳайдарзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Ғафур Муҳсин баромад намуданд.
Баромадкунандагон ҳозиринро бо ҷашнҳои дарпешистодаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами миллии кишвар табрик намуда, ба мардуми кишвари азизамон зиндагии тинҷу ором, сулҳу субот, ободию пешрафти диёр, тансиҳатӣ, бурдборию комёбиҳо таманно намуданд. Дар умум ба баргузории чорабинии муштараки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ «Корвони зиддимухадиротӣ-2020» баҳои баланд дода, онро иқдоми саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ки баргузории чунин чорабинӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалишавии “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” сарчашма гирифта, ба роҳандозӣ намудани тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ равона гардидааст. Чорабинии муштараки маърифатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ бори дигар хотиррасон намудани хатари нашъамандӣ, омодагии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳамкории зич бо ҷомеа дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, махсусан марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандиро нишон медиҳад. Мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ аз ниҳодҳои масъули давлатӣ ҳамкории дастаҷамъонаро тақозо менамояд, зеро он ба тамоми қишрҳои ҷомеа таҳдид мекунад. Ҷавонону наврасонро зарур аст, ки тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри илму донишомӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷию технологияи муосир равона сохта, бо интихоби варзиш ва тарзи ҳаёти солим худ ва наздиконро аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ва нашъамандӣ эмин созанд, бо амалу кирдорҳои нек дар ободии диёри хеш саҳмгузор бошанд.

856857858

Пас аз суханронии баромадкунандагон, ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои футболи хурд, бандкашӣ, шашка ва шоҳмот байни ҷавонону наврасони шаҳри Душанбе, ки тайи ҳафтаи охир, дар доираи чорабинии зикргардида идома доштанд, ба ҳозирин эълон карда шуданд. 

Ҳамин тариқ, дар мусобиқаи футболи хурд 10 дастаи мактабҳои варзишӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва маҳаллаҳои пойтахт ширкат варзида, ҷойи аввалро дастаи «Маҳаллаи 32»-и ноҳияи Сино, ҷойи дуюмро дастаи «Сипар»-и ноҳияи И.Сомонӣ ва мақоми сеюмро дастаи «Умед»-и ноҳияи Шоҳмансур ишғол намуданд. Бозингарони беҳтарини мусобиқаи футбол Муродҷон Бекназаров аз дастаи «Маҳаллаи 32» ва Юсуф Исмоилов аз дастаи «Сипар», ҳамчунин мураббии беҳтарин Азамат Авғонов дониста шуданд.
Дар мусобиқаи бандкашӣ 8 даста бо ҳам қувваозмоӣ намуда, дар он дастаи «Паҳлавон»-и ШҶ «Динамо» ҷойи аввал, дастаи Боғи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе ҷойи дуюм ва варзишгарони Муассисаи таҳсилоти хусусии “Литсеи Роҳнамо”-и шаҳри Душанбе зинаи сеюмро соҳиб гардиданд. Дар ин намуди варзиш Сафаралӣ Маҳмадизода довари беҳтарин ва Наврӯз Назарзода мураббии беҳтарин ҳисобида шуданд.
Дар мусобиқаи шашка байни бонувон Сулҳия Ақдодова, Лола Исмоилова ва Шодигул Маҷидова, инчунин дар мусобиқаи шоҳмот миёни мардҳо Алишер Каримов, Муҳаммад Юнусов ва Ҷалолиддин Илҳомӣ музаффарият ба даст оварда буданд.
Ғолибони мусобиқа ва варзишгарони беҳтарин аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ бо Ҷом, диплом, медалу Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд. Ҳамчунин, нафароне, ки барои дар сатҳи баланд доир гаштани чорабинии муштарак саҳми босазо доштанд, бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла, барои дар сатҳи баланд доир намудани чорабиниҳои муштараки мазкур аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ подполковники хизмати дохилӣ Аслиддин Шоҳиён ва сардори шуъбаи пешгирии нашъмандии Агентии назорати маводи нашъаовар полковники хизмати назорати маводи нашъаовар Бозоралӣ Сафарализода бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон, дар радифи чорабинии муштарак бо мақсади ба самъи сокинон расонидани хатари нашъамандӣ ва бемориҳои сироятӣ аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ ба ҷавонону наврасон ва сокинони шаҳр тақвими тарғиботии чораҳои зиддинашъамандӣ, китобчаю дастурҳои муфиди пешгирӣ аз бемориҳои сироятии мухталиф, ниқобҳои муҳофизатӣ ва қаламу дафтари сабтӣ (блокнот) тақдим карда шуданд.
Дар қисмати фарҳангӣ-фароғатии чорабинии муштарак дар иҷрои ҳунармандони ансамбли созӣ-овозии «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ барномаи консертӣ баргузор карда шуд.

859860861862

Расми хотиравии иштирокчиён ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.
Қобили зикр аст, ки чорабинии муштараки маърифатӣ-фарҳангӣ ва варзишии Агентии назорати маводи нашъаовар ва Вазорати корҳои дохилӣ зери унвони «Корвони зиддимухаддиротӣ - 2020», ки бори аввал дар чунин шакл бо ҷалби доираи васеи ҷавонону наврасон роҳандозӣ гардид, кори худро аз 17-уми октябри соли ҷорӣ аз маркази ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз намуда, дар умум 14 шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва осебпазири ҷумҳурӣ, Хоруғ, Дарвоз, Шамсиддин Шоҳин, Кӯлоб, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷ, Шаҳритус, Бохтар, Панҷакент, Исфара, Хуҷанд ва шаҳри Душанберо фаро гирифт. Дар маҷмӯъ ба ҳисоби миёна дар ҳар як чорабинӣ беш аз 500-600 нафар ҷавонону наврасони донишгоҳҳо, коллеҷу омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷавонони маҳал, инчунин дар мусобиқаҳои варзишӣ аз 200 то 400 нафар варзишгарони ҷавон ва мухлисони варзиш ҷалб гардида буданд.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика