Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили “Рӯзи Президент» дар ВКД

1125

Имрӯз (16.11.с.2020), дар толори марказии ВКД бо иштироки робарияти Вазорати корҳои дохилӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони Академияи ВКД ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ бахшида ба таҷлили “Рӯзи Президент” чорабинии мақсаднок доир гардид. Кормандони дигар ҷузъу томҳои МКД низ дар биноҳои маъмурии хеш ба таври видео-конференсия дар чорабинии мазкур иштирок намуданд.

1126

Чорабиниро муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо оғоз бахшида, аз таърихи начандон дури халқи тоҷик дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва дар ин давраи ҳассос ба арсаи сиёсат қадам ниҳодани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба душ гирифтани тақдири халқи тоҷик аз ҷониби ин сиёсатмадор суханронӣ кард. Зикр гардид, ки Истиқлолият, Президент ва Ваҳдати миллиро наметавон якеро бе дигаре таллафуз ё тасаввур кард. Чунки Истиқлолият дар заминаи роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилтару устувор гардид. Барои чунин ҳифзи дастоварди беназири таърих миллионҳо қавму миллат солҳо дар сайёра талош доранд, вале истиқлолияти миллӣ, ҷуғрофӣ, сиёсӣ, фарҳангию иқтисодӣ надоранд. Аммо мо бо сару садои баланд аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ бо ҳарфу лафзи тоҷикӣ ҳамчун миллати соҳибистиқлол баромад дорем, соҳиби тахту бахти миллати худ ҳастем. Барои соҳиб шудан ба дастовардҳои давлатию миллӣ омили асосии ин ҳама дар ваҳдату якдилии миллат аст. Ва хушбахтона мо аз чунин унсури хушрӯзии миллат - ваҳдат бенасиб нестем. Ҳатто сулҳ ва ваҳдати миллати моро дигар кишварҳои олам ба худ ҳамчун таҷриба, дастурамал ва мактаби пешбурди сиёсати давлатӣ пазируфтаанд. Мо ҳама огаҳем ва ҳар нафас шукру ифтихор мекунем, ки чунин фазо ва муҳити ободу зеборо фитрат, хирад ва сиёсати оламободи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мо инъом кардааст.
Дар идомаи чорабинӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Равшан андешаронӣ намуда, аз дастовардҳои замони истиқлолият ёдовар шуд. Иброз гардид, ки чеҳра, либос, муҳит, шароити иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон дар чанд соли охир куллан тағйир ёфт, рангу ҷилои дигар дорад. Аз водӣ то фарри қулла роҳ дорем, атроф мисли само кушода аст, ба касе, ба қавме ё миллате дари баста надорем. Оғӯш ва чеҳраи мо аз азал боз буду ҳаст ва умедворам чунин хоҳад монд. Чунин озодӣ ва инсондӯстию беғаразӣ ҳамеша аз забони Сарвари оқили миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо медиҳад ва миллат низ бо Пешвои худ ҳамеша ҳамовоз аст.

112711281129

Омӯзгорони Академияи ВКД ва дигар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дар идомаи чорабинӣ ибрози андеша намуданд. 

Қайд гардид, ки имрӯз номи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз серистеъмолтарин калима дар байни омма аст. Дар боғча, дар муассисаҳои таълимию ҳунарӣ, маҳфилу анҷуман хулоса дар ҳама ҷо хурду бузург бо ифтихор ва ғурури миллӣ номи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтироми хос ба забон меоваранд.

114111421143

Дар воқеъ чунин маҳбубият, чунин арҷмандии Президенти мо далели хизмат, садоқат ва ғамхорию ободкориҳои ӯ ва ҷоннисориҳояшон ба миллати тоҷик аст.
Эҳсон Абдуллозода




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика