Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ярмаркаи идона дар ВКД

845

Рӯзи 10 ноябр бахшида ба Иди касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар шафати бинои Вазорат ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум ташкил гардид.

Дар ярмаркаи мазкур маҳсулоти хӯрокворӣ аз хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ ва ноҳияҳои тобеи марказ пешниҳод гашт.
Нархи меваю сабзавот, аз қабили себу хурмо, пиёзу картошка, сабзӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи мардум: орд, равған, биринҷ, нахӯд, гӯшту тухм дар муқоиса бо нархи бозор арзон буданд. Барои мисол, нархи картошкаву пиёз - 1 сомонӣ, 1 кило гӯшт - 25 сомонӣ, 1 халта орд - 150 сомонӣ пешниҳод гардонида шуданд.

846

Харидорон барои ташкили чунин ярмарка ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ намуда, аз ин иқдоми пешгирифта дар Рӯзи милитсия хеле хушҳол гаштанд.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика