Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳар он, ки боварии халқро арзанда мегардад…

505

Рӯзи 3-юми ноябри соли 2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз нав Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Ба ин муносибат дар толори Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷамъомад баргузор гардид. Мавсуф Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи Вазири корҳои дохилӣ таъин гардидани Раҳимзода Р.Ҳ. ба самъи ҳозирин расонида, ба номбурда барору комёбиҳо таманно намуд.
Раҳимзода Р.Ҳ. зимни суханронии худ барои боварӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, қайд кард, ки минбаъд низ ба халқу Ватан содиқона хизмат намуда, фаъолияти хизматии соҳаро беш аз пеш беҳтару хубтар менамоянд.
Зикр гардид, ки дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат ҷиҳати беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ ва дастгирии моддиву маънавии ҳайати шахсӣ ҳар як фарди бонангу номус ва содиқ ба ин Ватанро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматии хеш, боз ҳам ҷиддитару бомасъулият рафтору муносибат намояд.

506

Мавриди зикр аст, ки кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бо дарки баланди масъулият, эҳсоси садоқат ба Ватану миллат ва эҳтиром ба Сарвари давлат софдилона ва содиқона хизмат намуда, сулҳу субот ва амнияту осоиштагиро, ки асоси зиндагии арзандаю шоиста ва рӯзгори пурсаодати сокинони кишвар ба ҳисоб мераванд, таъмин менамоянд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика