Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ

1073

Рӯзи 1-уми ноябри соли 2020, муовини Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои Академияи байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ, воқеъ дар маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздид ба амал овард.

Муовини Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Раҳмонзода С.Ҳ. пас аз шиносоии пурра бо тарҳи Академияи байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати иҷрои босифати корҳо, риояи талаботи муосири сохтмонӣ, инчунин истифодаи масолеҳи баландсифат ба масъулин як қатор супоришҳои мушаххас дод.

Мавриди зикр аст, ки сохтмони иншооти мазкур таҳти назорати бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро қарор дошта, масолеҳи сохтмонӣ аз Ҷумҳурии Халқии Чин бемамоният ворид гашта истодааст.
Коргарону мутахассисон дар иҷрои корҳои сохтмонии бинои мазкур фаъолияти босамару натиҷабахш нишон дода, дастрасии техникаю механизмҳои муосиру камназир барои иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳои сохтмонӣ мусоидат менамояд.

10741075

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани шароити кору хизмат, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардида, дар ин самт пешравиҳои назаррас ба миён омадааст.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика