Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Хадамоти давлатии «Муҳофиза»

671

Имрӯз (29.10.с.2020), дар толори Хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 68-умин солгарди таъсисёбии Хадамоти мазкур чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии идона, роҳбарону кормандони соҳа аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ва дастгоҳи марказии Хадамот иштирок намуданд. 

Чорабинии мазкурро сардори Хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума оғоз намуда, пеш аз ҳама табрикоти Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроро ба самъи ҳайати шахсии Хадамоти давлатии «Муҳофиза» расонид.
Дар табрикоти мазкур Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Рӯзи таъсисёбии Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилиро ба ҳамаи афсарон, прапоршику сержантон, собиқадорон ва ҳайати қатории Хадамоти давлатии «Муҳофиза» муборакбод намуда, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, саодату сарбаландӣ ва дар ин кори бошарафу пурифтихор, барору комёбиҳо таманно намуд.

672673

Кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ҳифзу амнияти дастовардҳои истиқлолиятро таъмин намуда, вазифаи пуршарафи муҳофизати иншоотҳои муҳим ва махсусан муҳими давлативу ҷамъиятиро ба зимма доранд, ки он аз ҳар як корманди хадамоти мазкур ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва масъулияти баланди касбиро талаб менамояд.
Фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи мардуми кишвар мақсаду маром ва ҳадафи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Дарки масъулият, садоқат ба давлату миллат ва устуворию матонат дар миёни кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза» буд, ки новобаста аз мушкилиҳои ҷойдошта, ба таври шабонарӯзӣ дар сардии зимистону гармии тобистон бо талошу кӯшиш ва азму суботи худ барои муҳофизати иншоотҳои муҳим ва махсусан муҳими давлативу ҷамъиятӣ, мубориза бо қонунвайронкунӣ ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш заҳмати зиёде ба харҷ дода, онҳо аз иҷрои вазифа ва масъулияти ба зиммадошта, бо сарбаландӣ мебароянд.
Кормандони ин соҳа дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, бо мақсади таъмини волоияти қонун, оромиву осудагӣ ва ҳифзи бинову иншооти муҳим талошу кӯшиш намуда, рисолати касбии худро анҷом медиҳанд.
Дар идомаи чорабинӣ сардори Хадамоти давлатии "Муҳофиза" полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума аз Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон ёдовар шуда қайд кард, ки маҳз ин рӯйдоди нодиру таърихӣ буд, ки соли равон Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бинои наву замонавӣ таъмин гардида, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд. Аз ин рӯ, ҳар яки моро мебояд дар ҷавоб ба ин ғамхорию таваҷҷуҳи Сарвари давлат дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ва муҳофизати бинову иншоотҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ аз як гиребон сар бардошта, дар иҷрои вазифаҳои худ содиқ бошем.

674676675

Сипас бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оид ба ҳавасмандгардонӣ аз ҷониби сардори Хадамоти мазкур як қатор кормандони Хадамоти давлатии “Муҳофиза” ва ҷузъу томҳои он, ки дар фаъолияти хизматӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, бо медал, Ифтихорнома ва Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Гул Маҳбуба, Муродзода Саидҷамол.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика