Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД дар шаҳри Турсунзода

496

Рӯзи 7-уми сентябри соли 2020 дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода ва корҳои ободонию созандагӣ бинои нави Шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар расми ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи зикргардида Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Раиси шаҳри мазкур Акрамзода Парвиз Акрам, сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума ва ҳайати шахсии ҳамин Шуъба иштирок намуданд.
Мавриди қайд аст, ки бинои нави Шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода аз се ошёна иборат буда, бо тарҳи зебо дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо тамоми шароити мусоид ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта ба истифода дода шудааст.
Зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ аз сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба ҳайати шахсии Шуъбаи мазкур ҷиҳати ҳифзи бинову иншооти давлатию ҷамъиятӣ ва молу мулки шаҳрвандон як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

497498499

Зикр гардид, ки дар рӯзҳои таҷлил аз 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани бинои мазкур ин туҳфаи арзандаи давлату Ҳукумати мамлакат ба кормандони Шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода мебошад. Ва дар ҷавоб ба ин ғамхорию таваҷҷӯҳ онҳо бояд рисолати касбии худро бовиҷдонона, софдилона ва ба нафъи давлату миллат анҷом диҳанд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика