Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ дар ВКД

1110

Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 4 сентябр то 11 октябри соли равон дар назди бозорҳои калонтарини пойтахт бо мақсади таъмини фаровонии маҳсулот дар бозорҳои истеъмолии шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад.

Дар ин раванд, имрӯз (09.10.2020), бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар шафати Вазорат ярмаркаи маҳсулоти хӯрока барои кормандони мақомоти мазкур доир гардид.
Дар ин ярмарка маҳсулоти хӯрока аз қабили гушт, картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, тухм, орд, каду, боимҷон, себ, ангур ва дигар маҳсулоти ғизоӣ пешкаши харидорон карда шуд.
Тамоми ин маҳсулоти хӯрока аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳод гардида, нисбат ба бозору марказҳои савдо нархи онҳо 30 фоиз арзонтар ба фурӯш гузошта шуда буд.

11111112

Мавриди қайд аст, ки ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ аз чунин ғамхорию таваҷҷӯҳи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд карданд, ки баргузории ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ барои ғанӣ гардонидани дастархони кормандони милитсия мусоидат менамояд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика