Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хушбахт аз онем, ки соҳибзабонем!

1104

1102Рӯзи 2-юми октябри соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки профессори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Умар Сафар, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» Ҳусниддин Ғафурӣ, кормандони милитсия ва ҷавонони фаъол чорабинии фарҳангӣ доир гардид.
Нахуст муовини роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ иброз намуд, ки ташаббускори ин чорабинӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро мебошад. Умарҷони Эмомалӣ, инчунин дар бораи нақши забон дар ҳаёту давлатдории миллати тоҷик изҳори андеша кард.
Омӯзгори ДМТ Умар Сафар Иди забонро, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябр қайд карда мешавад, яке аз ҷашнҳои зебову дӯстдоштаниву ба дил наздик номид. Ба андешаи устод, дар солҳои охир, бахусус дар даврони Истиқлолият таваҷҷуҳи ҷомеа ба забон ва фарҳанг бештар гардидааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки насли навраси мо, насле, ки тоза ба майдони зиндагӣ ва кору фаъолият меоянд, эҳсос мекунанд, ки забон барояшон чӣ нақш ва ҷойгоҳе дорад.
- Рӯз то рӯз таваҷҷуҳу ниёзу назари насли ҷомеаи имрӯза ба забон бештару густурдатару васеътар мешавад. Зеро дар масъалаи забон агар эҳсоси масъулият дар коргоҳҳо набошад ва забон корбурд надошта бошад, он наметавонад, ки нерӯи тавонои худро ҳифз кунад, - афзуд баромадкунанда.

1105

Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи «Пайванд» Ҳусниддин Ғафурӣ сухани хешро бо чунин мисраҳою андешаҳо оғоз намуд:
Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,
Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст?!
- бо ҳамин як байт тамоми андешаҳое, ки дар бораи забон бояд гуфта шавад, гуфта шудааст. Хушбахтона, имрӯз забони тоҷикӣ забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст ва ин комёбӣ ба осонӣ ба даст наомадааст.

110611071108

Ба ақидаи ӯ, донишмандон, забоншиносон ва умуман, кулли фарҳангиёни кишвар дар қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ҳисса гузоштаанд: «Хушбахтона, имрӯз мо Истиқлолият ва забони давлатӣ дорем, ки ин ҳама боз ҳам боис гардидааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ моро бештар ҳамчун як миллати мутамаддин, фарҳангӣ ва соҳиби забон бишносанд», - гуфт Ҳусниддин Ғафурӣ.
Дар идома байни иштирокчиён мубодилаи афкор ва суолу ҷавоб сурат гирифт.

Наврӯз ҶОБИРОВ,
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика